Тафсири Сураи Нахл Ояти 107 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 107
ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمُ اسْتَحَبُّوا الْحَيَاةَ الدُّنْيَا عَلَى الْآخِرَةِ وَأَنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الْكَافِرِينَ ١٠٧
Залика би аннаҳумустаҳаббу-л ҳайата-д-дунйа ъала-л-ахирати ва анналлоҳа ла яҳди-л-қавма-л-кафирӣн. 107.
107. Ин (хашми Худо ва азоби бузург) ба сабаби он аст, ки онҳо зиндагонии дунёро бар охират дӯст доштанд ва албатта, Аллоҳ гурӯҳи кофиронро ҳидоят намекунад.
Ояти мазкур фармудаст, ки баъд аз имон овардан (бо ихтиёри худ) ба куфр баргаштан, яъне муртад шудан аз баъзеҳо ба сабаби он сар мезанад, ки онҳо зиндагии дунёро дӯст медоранд ва онҳо зиндагии дунёи панҷрӯзаро аз зиндагии охират бартару беҳтар меҳисобанд.
Модоме ки онҳо куфрро аз имон беҳтар мешуморанд, онҳо кофиранд Худованд кофиронро ҳидоят намекунад.
Барои фаҳми бештар ба тафсири ояти 69-уми сураи «Анкабут» муроҷиат шавад. Валлоҳу аълам.
Ояти зер ин муқаддимаро идома медиҳад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «