Сураи Наҳл Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 12

وَسَخَّرَ لَكُمُ اللَّيْلَ وَالنَّهَارَ وَالشَّمْسَ وَالْقَمَرَ ۖ وَالنُّجُومُ مُسَخَّرَاتٌ بِأَمْرِهِ ۗ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِقَوْمٍ يَعْقِلُونَ ١٢

Ва саххара лакуму-л-лайла ван-н-наҳара ва-ш-шамса ва-л-қамар. Ва-н-нуҷуму мусаххаротун би амриҳ. Инна фӣ залика ла айати-л ли қавми-я яъқилун. 12.

12. Ва барои шумо шаб ва рӯз, Офтоб ва Моҳро мусаххар кард ва ситорагон ба фармони Вай мусаххаранд. Ҳаройина, дар ин (асрор) барои гурӯҳе, ки бо ақли худ дармеёбанд, нишонаҳо ҳаст.

Дар қисми аввали ояти мазкур Худованд, ба ҳодисаҳое ишора намудааст, ки инсон ҳама вақт онҳоро мушоҳида мекунад.

Шабона ҳама ҷоро торикӣ фаро мегирад. Рӯзона Офтоб бо нури худ ҳамаро равшан мегардонад. Шабу рӯз ҳамдигарро бо тартиби муайян иваз мекунанд. Офтобу Моҳ бо низоми муайян дар ҳаракатанд.

Ояти мазкур хабар медиҳад, ки ҳодисаҳои зикршуда худ ба худ ба вуҷуд наомадаанд ва беҳуда ва бемақсад нестанд. Худованд барои манфиъати бандагони Худ шабу рӯзро, Моҳу Хуршедро мусаххар (фармонбардор) гардонид. Онҳо ба қонунҳои офаридаи Аллоҳ таъоло итоат мекунанд, то инсонҳо равшании рӯзро барои таъмини воситаҳои зиндагии худ истифода баранд ва шабона оромона истироҳат кунанд. Инчунин ситорагон ба фармони Ӯ таъоло итоъат мекунанд ва дар Кайҳон аз рӯйи хатти сайри (мадори) муайян ҳаракат мекунанд. Нурпошии онҳо шабона зоҳир мегардад. Мардум шабона бо ёрии ситорагон, мавқеъ ва самти ҳаракати худро муайян мекунад. Албатта, ҳамаи ончи гуфта шуд, барои мардуме, ки ақлу хиради худро ба кор мебаранду аз он дуруст истифода мекунанд, барои ба мавҷудияти Аллоҳ таъолоро бовар кардан кифоякунандааст. Онҳо метавонанд дар нишонаҳое, ки бар мавҷудияти Офаридгори Ягонаи бешарик далолат мекунанд бо эътибор нигаранду андеша кунанд ва Худовандро шиносанд.

Барои фаҳми бештар ба оятҳои 32-33-юми сураи Иброҳим (а) муроҷиат шавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)