Сураи Наҳл Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 13

وَمَا ذَرَأَ لَكُمْ فِي الْأَرْضِ مُخْتَلِفًا أَلْوَانُهُ ۗ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَةً لِقَوْمٍ يَذَّكَّرُونَ ١٣

Ва ма зараа лакум фи-л-арЗи мухталифан алвануҳ. Инна фӣ залика ла аята-л ли қавми-я яззаккарун. 13.

13. Ва он чиро, ки дар Замин барои шумо гуногунранг офарид, мусаххар гардонид. Ҳаройина, дар ин кор барои гурӯҳе, ки ақли худро ба кор мебаранду пандпазиранд, нишонаҳо ҳаст.

Илова бар ончи, ки дар оятҳои қаблӣ гузашт, Худованд барои манфиъати инсонҳо дар рӯйи Замин махлуқоти гуногуну рангорангро, ки бар бузургӣ ва бар вуҷуди Офаридгори ягона далолат мекунанд, офарид. Онҳоро инсон барои дафъи ниёзҳои худ истифода мекунад. Шахсе, ки пандпазир аст, аз дидани чунин нишонаҳо панд мегирад, шукрона мекунад, сано мегӯяд, ибодат мекунад ва аз мушоҳидаи онҳо ибрат мегирад ва роҳи рости ба мақсади худ расиданро меёбад. Шахсоне, ки дорои чунин сифат нестанд, ақли кофӣ надоранд. Афсӯс, ки онҳо дар ҳолати куфру гунаҳгорӣ аз олам мегузаранд.

Худованд дар оятҳои қаблӣ аз неъматҳои осмонӣ ва неъматҳои заминӣ ёдрасон кард, ҳоло дар оятҳои зер аз неъматҳое, ки дар дарё ва уқёнусҳо мавҷуданд, сухан кардааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)