Сураи Наҳл Ояти 125 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 125 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 125

ادْعُ إِلَىٰ سَبِيلِ رَبِّكَ بِالْحِكْمَةِ وَالْمَوْعِظَةِ الْحَسَنَةِ ۖ وَجَادِلْهُمْ بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ ۚ إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعْلَمُ بِمَنْ ضَلَّ عَنْ سَبِيلِهِ ۖ وَهُوَ أَعْلَمُ بِالْمُهْتَدِينَ ١٢٥

Удъу ила сабӣли Раббика би-л ҳикмати ва-л-мавъизати-л-ҳасанати ва ҷадилҳум би-л латӣ ҳия аҳсан. Инна Раббака Ҳува аъламу би ман Залла ъан сабӣлиҳӣ ва Ҳува аъламу би-л муҳтадӣн. 125.

125. Мардумро ба сӯйи роҳи Парвардигори хеш бо донишу ҳикмат ва панди нек даъват кун ва ба онҳо бо тариқе мунозира кун, ки вай нек аст! Ҳаройина, Парвардигори ту ба касе донотар аст, ки аз роҳи Ӯ гумроҳ шуд. Ва ба роҳёфтагон Ӯ (низ) донотар аст!

Дар ин оят ва оятҳои зер, ки оятҳои охири сураи «Наҳл» ҳисобида мешаванд, Худованд даҳ дастури муҳими ахлоқиро баён кардааст. Аз он ҷумла, дар нахуст дастури Худ вориси ойини Иброҳим (а) Ҳабиби худ, Муҳаммад (с)-ро фармудааст, ки ай Расули Мо, ту мардумро ба сӯйи роҳи Парвардигори худ, ки Ислом аст, бо ҳикмату бо ҳуҷчатҳои бовариноку асоснок ва бо мавъизаи хуб, ки шунаванда онро накӯ пиндораду дилаш талоши шунидани он ва қаноъат ҳосил кунад, даъват кун. Агар бо онҳо дар мунозира шавӣ, ҳам бо некӯтарин усул мунозира кун! Хулоса, се тариқи роҳи даъват дар ин оят зикр шуд. Яке ҳикмат, дигаре мавъизаи некӯ севум мунозираи хуб. Муфассирон гуфтаанд, ки бояд дар андеша ва фикри мардум бо нармӣ дахолат карда, ақлҳои хуфтаи онҳоро бедор сохта шавад. Дигар ин ки дар ҳолати мавъизаи ҳасана бояд воъиз таҳқири тарафи муқобилро надошта бошад ва фикри мухотабро алайҳи худ дар ҳаракат надарорад. Вагарна мавъизааш мавъизаи ҳасана нест. Ҳатто ҳаракат кунад, то бартарии воъиз ба машоми мухотаб нарасад. Бояд насиҳатҳои воъиз сар то по муътадил ва таъсирбахш бошанд. Бо меҳру шафқат бо шунавандаҳо ҳамдард бошад. Вазифаи Пайғамбар (с) низ аз ҷониби Парвардигор чунин буд. Баъди шунавонидани мавъизаи ҳасана чӣ касе дар гумроҳии худ пофишорӣ мекунад, чӣ касе ҳидоят мешавад, инро Парвардигор беҳтар медонад. Агар сирати дар бораи рафтор ва гуфтори Расулуллоҳ (с) мулоҳиза шавад, чуноне ки дар ҳадиси зер омадааст, маълум мешавад, ки ҳангоми ба сӯйи ҳақ даъват кардани мардум мулоиматиро бисёр ба кор мебурданд. Бо ривояти Абӯамома (р) омадааст, ки ҷавоне назди Расулаллоҳ (с) омад ва гуфт: «Ё Расулаллоҳ! Оё ба ман иҷозат медиҳӣ, ки ман зино кунам?». Мардуми дар онҷобуда аз шунидани ин сухани ҷасуронаи он ҷавон ошуфта шуда бар сари ӯ бонгҳо заданд. Аммо Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Даст аз ӯ бидоред ва ӯро бизгоред то ба ман наздик шавад». Вақто ки ҷавон ба Расулуллоҳ (с) наздик шуду пеши рӯйи Расулуллоҳ (с) нишаст, он гоҳ ба ӯ фармуданд: «Эй ҷавон! Оё дӯст медорӣ, ки бо модарат зино кунанд?» Гуфт: «На! Фидоят шавам ай Расули Худо». Фармуданд: «Ҳамин гуна мардум барои модарашон онро намеписанданд. Оё дӯст дорӣ бо духтарат зино кунанд?». Ҷавон гуфт: «На! Фидоят шавам ай Расули Худо». Расулулоҳ (с) фармуданд: «Ҳамчунин онро барои духтарашон мардум дӯст надоранд». Фармуданд: “Оё дӯст дорӣ бо хоҳарат зино кунанд?” Ҷавон гуфт: “На! Фидоят шавам, ай Расули Худо. Гуфтанд: “Ҳамчунин онро мардум барои хоҳарашон дӯст надоранд.” Онгоҳ он Ҳазрат (с) дасти мубораки худро бар синаи он ҷавон гузошт ва фармуд: «Бор илоҳо! Дилашро пок гардон, гуноҳҳояшро биёмурз ва шармгоҳашро аз ҳаром нигоҳ дор». Ривоят мекунанд, ки аз ин баъд назди он ҷавон аз амали зино бадтар, амали нафринтаре набуд.”

Хулоса, гоҳо мешавад, ки воъиз бо ҳикмату бо мавъизаи ҳасана мардумро ба сӯйи роҳи рост ҳидоят кунад, локин душманҳои таҷовузкор пайдо мешаванд, дар он сурат шахси даъватчӣ дар кадом марҳала бояд худашро нигоҳ дорад? Ояти зер, иншоаллоҳ, посухи ин савол аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 124 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 126 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)