Сураи Наҷм Ояти 59 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Начм Ояти 59 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҷм Ояти 59

اَفَمِنۡ هٰذَا الۡحَدِيۡثِ تَعۡجَبُوۡنَۙ‏ ٥٩

А-фа мин ҳаза-л-ҳадӣси таъҷабун. 59.

59. Оё аз ин сухан тааҷҷуб мекунед?

Ояти мазкур мушриконро сарзанишу маломат намуда, мефармояд, ки чаро ба суханҳои Қуръон, ки каломи Аллоҳ аст, мушрикон истеҳзо мекунанд? Гар ҳақиқати ҳалоки қавмҳои гузаштаро барои шумо қисса мекунанд, тааҷҷуб мекунед? Вақто ки Расулуллоҳ (с) барои шумо қариб омадани қиёмату аҳволу азоби онро баён намуд, шуморо лозим буд, ки ба ҷои истеҳзову нобоварӣ дар тарсу бим бошед ва барои наҷоти худ аз Расули Худо (с) пайрав бошед, даст ба домани лутфи Ӯ таъоло занед. Агар оромиро талабгор бошед, дар сояи имони ҳақиқӣ қарор гиред, аммо шумо бошед…


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҷм «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҷм Ояти 58 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҷм Ояти 60 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)