Сураи Намл Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 13

فَلَمَّا جَآءَتۡهُمۡ اٰيٰتُنَا مُبۡصِرَةً قَالُوۡا هٰذَا سِحۡرٌ مُّبِيۡنٌ‌ۚ ١٣

Фа ламма ҷаатҳум айатуна мубсиратан қолу ҳаза сиҳру-м мубӣн. 13.

13. Пас, он гаҳ, ки нишонаҳои равшаншудаи Мо ба онҳо омад, гуфтанд: «Ин сеҳри зоҳир аст».

Аз мазмуни ояти қаблӣ фаҳмида шуд, ки Мӯсо (а) аз тарафи Парвардигор бо қавитарин силоҳ (муъҷиза) мусаллаҳ шуд ва бо иҷозаи Парвардигор, чуноне ки ояти мазкур ишора дорад, ба суроғи Фиръавну қавми саркаши ӯ, ҳамроҳи бародараш Ҳорун (а) рафт. Чун онҳо корнамоиҳои Мӯсо (а)-ро ва муъҷизаҳои ошкори ӯ (а)-ро медиданд, бо вуҷуди ин ки онҳо ба сеҳр ҳеҷ шабоҳат надоштанд, дар ивази ин, ки имон оранд, баръакс гуфтанд, ки кори Мӯсо (а) ошкоро сеҳру сеҳргарист, мехоҳад бо сеҳри худ, ватану давлатро аз дасти мо рабояд. Шахсони мутаъассиб ва гумроҳ доимо барои садди роҳи дигарон шудан чунин туҳматҳоро бар анбиё (а) ва пайравони ростини онҳо мезаданд. Ояти зер ин муқаддимаро идома медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)