Тафсири Сураи Намл Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 14
وَجَحَدُوۡا بِهَا وَاسۡتَيۡقَنَـتۡهَاۤ اَنۡفُسُهُمۡ ظُلۡمًا وَّعُلُوًّا ؕ فَانْظُرۡ كَيۡفَ كَانَ عَاقِبَةُ الۡمُفۡسِدِيۡنَ ١٤
Ва ҷаҳаду биҳа вастайқанатҳа анфусуҳум зулма-в ва ъулувва. Фанзур кайфа кана ъақибату-л муфсидӣн. 14.
14. Ва аз рӯи ситамгарӣ (такаббурӣ) инкори он карданд ва (ҳол он ки) дилҳои онҳо онро бовар дошт. Пас, бингар, ки охири кори муфсидон чӣ гуна буд!
Аз назди дарахт то шаҳри Миср рафтани Мӯсо (а) чанд муддат гузашт, Худо худаш доност. Ҳоло Худованд аз ҳоли фиръавниён хабар додааст, ки чун Мӯсо (а) муъҷизаҳои худро ба Фиръавну атрофиёнаш нишон дод, онҳо бо дилҳояшон тасдиқ карда, яқин донистанд, ки инҳо дар ҳақиқат муъҷизаҳои Илоҳиянд. Аммо аз сабаби он ки онҳо золим буданду худро бузург меҳисобиданд, кибру ғурурашон нагузошт, ки имон оранду Мӯсо (а)-ро ҳамчу Пайғамбари Худо қабул кунанд.
Худованд дар давоми ин оят гуфт, ки эй Муҳаммад (с), пас, бингар анҷоми кори шахсони фасодкор чӣ гуна буду чи шуд! Натиҷаи кори онҳо дар дигар сураҳо батафсил омадааст.
Дар оятҳои зер аз Довуд (а) ва писари ӯ (а), яъне Сулаймон (а) сухан меравад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «