Тафсири Сураи Намл Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 12
وَاَدۡخِلۡ يَدَكَ فِىۡ جَيۡبِكَ تَخۡرُجۡ بَيۡضَآءَ مِنۡ غَيۡرِ سُوۡٓءٍ فِىۡ تِسۡعِ اٰيٰتٍ اِلٰى فِرۡعَوۡنَ وَقَوۡمِهٖؕ اِنَّهُمۡ كَانُوۡا قَوۡمًا فٰسِقِيۡنَ ١٢
Ва адхил ядака фӣ ҷайбика тахруҷ байЗоа мин ғайри суиъ. Фӣ тисъи айатин ила Фиръавна ва қавмиҳ. Иннаҳум кану қавман фасиқӣн. 12.
12. Ва дасти худро ба гиребони худ дарор, то бе ҳеҷ айб сафедшуда берун ояд, бо ин ду нишона, ки дар нуҳ нишона дохиланд, ба сӯи Фиръавну қавми ӯ бирав! Ҳаройина, онҳо гурӯҳи фосиқанд».
Дар он асное ки Мӯсо (а) назди дарахти нур истода буд, Худованд ба Ӯ (а) гуфт, ки ай Мӯсо, дасти худро дар гиребони пироҳани худ дохил кун, то он сафеду нуронию дурахшоншуда, бе ягон айбе берун ояд. Чун Мӯсо (а) дасти худро дохили гиребони пероҳани худ кард ва онро берун кашид, на ин ки пес шуда ё ягон офате ба дасти ӯ (а) расида бошад, балки дид, ки дасташ гӯё порае аз Моҳасту монанди барқ медурахшад, Сипас, Худованд, чанд муъҷизаи дигарро ба ӯ (а) ваъда дода гуфт, ки эй Мӯсо (а), ин ду муъҷиза дохили он нӯҳ муъҷизаанд (яъне ҳафт муъҷизаи дигар ба Мӯсо (а) ваъда шуд, ҳамроҳи онҳо ба сӯйи Фиръавну қавми ӯ, ки қавми фосиқанд, бирав, онҳоро ба роҳи ҳақ, (Худои якка ва ягонаро парастидан) даъват кун. Бо истифода аз ояти 101-уми сураи «Исро» ва ояти 130-уми сураи «Аъроф» муъҷизаҳои боқимонда инҳоянд:
1. Шикофта шудани дарё;
2. Тӯфони малах;
3. Тӯфони шабуш,
4. Зиёд шудани қурбоқа;
5. Дигаргун шудани оби дарёи Нил ба шакли хун;
6. Қаҳтӣ;
7. Коста шудан дар киштзорҳо (хушксолӣ).
Хулоса, чун фиръавниён аз омадани ин балоҳо ба танг меомаданд, ба домани Мӯсо (а) чанг мезаданд, то ӯ (а) аз Худованд дафъи ин балоҳоро дархост кунад. Қиссаи Мӯсо (а) ва муъҷизаҳои ӯ (а) ҳар кадом дар мавзеи худ эзоҳи хосе доранд. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «