Тафсири Сураи Намл Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 21
لَاُعَذِّبَـنَّهٗ عَذَابًا شَدِيۡدًا اَوۡ لَا۟اَذۡبَحَنَّهٗۤ اَوۡ لَيَاۡتِيَنِّىۡ بِسُلۡطٰنٍ مُّبِيۡنٍ ٢١
Ла уъаззибаннаҳу ъазабан шадӣдан ав ла азбаҳаннаҳу ав ла яътияннӣ би султони-м мубӣн. 21.
21. Ҳаройина, ӯ (ҳудҳуд)-ро уқубати сахт кунам ё албатта, ӯро забҳ кунам ё ин ки пеши ман ҳуҷҷати ошкор биёрад».
Бар ҳар сардор воҷиб аст, ки аҳволи раъияти худро ҷустуҷӯ кунад, то аз ҳоли онҳо бохабар бошад. Сулаймон (а) бо лашкари худ аз водии мӯрчагон гузашт, баъди хело роҳ рафтан, ба саҳрое расиданд, ташнагӣ болои онҳо ғалаба кард. Ҳудҳуд вазифаи ёфтани обро ба уҳда дошт. Сулаймон (а) дид, ки ҳудҳуд нест, ӯро ваъид ба азоби сахт карда гуфт, ки чист моро, ки ҳудҳуд ҳамроҳи мо нест, ман ӯро дар байни лашкар надида истодаам? Чаро ӯ имрӯз ҳамроҳи мо нест?! Агар ӯро пайдо кунам, ӯро азоби сахт (зиндон мекунам), ё ӯро забҳ мекунам ё барои узр гуфтанаш далелҳо ва ҳуҷҷатҳои возеҳу ошкор пешниҳод кунад. Локин ба ҳар сурат ҳудҳуд, чуноне ки ояти зер ишора дорад, дар хизмати Сулаймон (а) қарор дошт.
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «