Сураи Намл Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 22

فَمَكَثَ غَيۡرَ بَعِيۡدٍ فَقَالَ اَحَطْتُّ بِمَا لَمۡ تُحِطۡ بِهٖ وَ جِئۡتُكَ مِنۡ سَبَاٍۢ بِنَبَاٍ يَّقِيۡنٍ‏ ٢٢

Фа макаса ғайра баъӣдин фақола аҳатту би ма лам туҳит биҳӣ ва ҷиътука мин сабаин би набаи-н яқӣн. 22.

22. Пас, (ҳудҳуд) начандон диранг кард, пас гуфт: «Чизеро фаро гирифтам, ки ту онро фаро нагирифтаӣ ва пеши ту аз қабилаи «Сабо» хабари яқинро овардам.

Баъди дар бораи ҳудҳуд сухан кардани Сулаймон (а) чандон вақте нагузашт, ки ҳудҳуд пайдо шуд ва аз рафти кор фаҳмид, ки Сулаймон (а) аз ғоиб шудани ӯ дар ғазаб аст. Узргӯён барои беайб нишон додани худ, эътибори Сулаймон (а)-ро ба сӯйи сухани худ ҷалб намуда гуфт, ки эй Сулаймон (а), дар ин чанд муддате, ки ман ғайб задам, аз кори муҳиме хабардор шудам, ки то ҳол на шумо ва на лашкариёни шумо аз он хабардор набудаед! Ман ҳоло аз шаҳре, ки Сабо ном дорад ва тобеъи Яман аст, омадам. Сипас, он чи ки дар он шаҳр мушоҳида кардаву дида буд, чуноне ки ояти зер ишора дорад, сухани худро идома дода гуфт…


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)