Тафсири Сураи Намл Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 20
وَتَفَقَّدَ الطَّيۡرَ فَقَالَ مَا لِىَ لَاۤ اَرَى الۡهُدۡهُدَ ۖ اَمۡ كَانَ مِنَ الۡغَآٮِٕبِيۡنَ ٢٠
Ва тафаққада-т-тайра фа қола ма лия ла ара-л-ҳудҳуда ам кана мина-л-ғоибӣн. 20.
20. Ва аҳволи мурғонро бозҷуст, пас гуфт: «Чист моро, ки ҳудҳудро намебинам? Ё ин, ки аз ғоибшудагон ҳаст?
Сулаймон (а) ба мураттибони сипоҳи худ фармуд, то ин ки сафҳои лашкарро тартиб диҳанд. Чун Сулаймон (а) ба сафи паррандагон расид, дид, ки ҳудҳуд дар байни онҳо нест. Ӯ (а) мисли дигар қумандонҳо асабонӣ нашуд, доду фарёд накарда, бо як оромӣ ба сарлашкарҳои худ гуфт, ки чӣ шудаст маро, ки ҳудҳудро намебинам, ё дар асл ӯ дар байни лашкар набуд?
Хулоса, ҳама фаҳмиданд, ки ҳудҳуд бе иҷозаи сардори худ ғайб задаст, мумкин узре дошта бошад. Агар узре надошта бошад, бояд барои тартиби сарбозон, то ин ки онҳо низ даст ба чунин нофармонӣ назананд, ӯро ҷазои сазовор дода шавад.
Сипас, Сулаймон (а) бо як оҳанги шадид гуфт…
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «