Тафсири Сураи Намл Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 3
الَّذِيۡنَ يُقِيۡمُوۡنَ الصَّلٰوةَ وَيُؤۡتُوۡنَ الزَّكٰوةَ وَ هُمۡ بِالۡاٰخِرَةِ هُمۡ يُوۡقِنُوۡنَ ٣
Ал-лазӣна юқӣмуна-с-салата ва юътуна-з-заката ва ҳум би-л ахирати ҳум йуқинун. 3.
3. Ононе ки намозро барпо медоранд ва закотро медиҳанд ва онҳо ба охират имон доранд.
Дигар сифати Қуръонро Худованд чунин баён кардааст, ки оятҳои он барои касоне, ки имон овардаанд ва ба муқтазои онҳо амал кардаанду мусалмон шудаанд, ба сӯйи роҳи рост ҳидоятгар ва бо Ҷаннат муждадиҳандааст. Зеро онҳо барои робита ба Худо намозҳоро бо тамоми аркон (рукнҳо), бо тарзи мукаммалу писандида, дар вақтҳои муъайяншуда бо фурӯтанӣ мегузоранд ва барои робита бо халқи Худо ба шахсони мустаҳиқ (муҳтоҷ) закоти моли худро медиҳанд ва ҳамзамон ба барпо шудани рӯзи қиёмат яқинан бовар доранд. Барои маълумоти бештар ба оёти 2-185-уми сураи «Бақара» ва ба ояти 41-уми сураи «Фуссилат» ва ба ояти 102-юми сураи «Наҳл» муроҷиъат шавад. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «