Тафсири Сураи Намл Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 4
اِنَّ الَّذِيۡنَ لَا يُؤۡمِنُوۡنَ بِالۡاٰخِرَةِ زَيَّـنَّا لَهُمۡ اَعۡمَالَهُمۡ فَهُمۡ يَعۡمَهُوۡنَؕ ٤
Инна-л-лазӣна ла юъминуна би-л-ахирати зайянна лаҳум аъмалаҳум фа ҳум яъмаҳун. 4.
4. Барои касоне ки ба охират имон намеоранд, кирдорҳояшонро (дар назарашон) ороста кардем. Пас, онҳо саргардон мешаванд.
Дар ин оят Худованд, хатарноктарин ҳоли гурӯҳеро, ки ғайри муъминанд, баён карда, гуфтааст, ки бегумон, барои касоне, ки ба охират (зинда гардонида шудани баъди марг) имон надоранд, амалҳои бадашонро дар назарашон зиннат медиҳем. Яъне шахсони беимон корҳои худро бад ҳам бошад, онро хубу зебо мебинанд ва доимо дар гумроҳии худ мутараддиду мутаҳҳайиру саргардон мемонанд, на роҳу равиши дурустро меёбанд ва на аз ҳақиқат огоҳ мешаванд. Олуда гаштанро бо гуноҳ покӣ (маданият) меҳисобанд, бадиҳоро зебо, пастиҳоро саъодат, шикасту беҳурматии меъёрҳои инсонро дар назари худ ифтихор меҳисобанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «