Тафсири Сураи Намл Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 35
وَاِنِّىۡ مُرۡسِلَةٌ اِلَيۡهِمۡ بِهَدِيَّةٍ فَنٰظِرَةٌۢ بِمَ يَرۡجِعُ الۡمُرۡسَلُوۡنَ ٣٥
Ва иннӣ мурсилатун илайҳим би ҳадийятин фа назиратун би ма ярҷиъу-л мурсалун. 35.
35. Ва ҳаройина, ба сӯи онҳо туҳфае фиристодам, пас, бинандаам, фиристодагон ба чӣ чиз бозмеоянд».
Агарчи ашрофиёни атрофаш ба ҷанг тайёр буданашонро эълон карда бошанд ҳам, локин малика инро ихтиёр накарду тадбири дигаре андешид ва ба онҳо гуфт, ки оё шумо одати подшоҳони бадқаҳрро намедонед, ки агар онҳо ба ҷанг оғоз кунанду дохили деҳае ё мамлакате шаванд, ҳамаро вайрону валангор мекунанд ва барои соҳиб шудани он азизтарин мардуми мамлакатро хортарини онҳо мегардонанд ва ҳар шахси оқилеро, ки барои ҳимояи ватан ва барои обрӯи миллат ва номуси зану фарзандони худ алайҳи душмани таҷавузгар мардум ё гурӯҳеро роҳбарӣ карда тавонад, барои сиёсат ва ҳайбати худро по бар ҷо нигоҳ доштан нест мекунад, аз ҷумла шумоёнро! Кори таҷовузгарон ҳамин аст. Ҳоло мо вақт дорем, бояд оқилона рафтор кунем, пеш аз ҳама чиз бояд Сулаймон ва атрофиёнашро биёзмоем, то бидонем, ки Сулаймон подшоҳи оддӣ аст ё пайғамбари Худо. Харобкор аст ё ислоҳкор. Як миллати кӯчакро ба хорӣ мекашонад ё ба иззат мерасонад. Барои инро фаҳмидан аз ҳадяҳо истифода мекунем. Ҳоло ман ҳадяи назаррас ва қобили мулоҳизае барои онҳо мефиристам, то бубинем ки бо фиристодагони ман чӣ муъомила мекунад ва аз тарафи онҳо барои ман чӣ хабар меоранд, зеро нуқтаи заъфи подшоҳон ҳамин аст, ки ҳамеша ба ҳадяҳо алоқаи зич доранд. Агар дидем, ки Сулаймон ба ҳадяҳо таслим мешавад, маълум мешавад, ки ӯ шоҳ аст ва метавонем дар баробари ӯ муқобила нишон диҳем. Агар бинем, ки ҳадяи моро манзур намекунад, маълум мешавад, ки ӯ пайғамбари Худост. Аммо ҳадяи маликаи Сабо барои Сулаймон (а) чӣ буд? Қуръони карим ба мо чизе нагуфтааст. Калимаи ҳадя дар ин ҷо ба шакли накира (ношинос) омадааст, бар калонии он далолат мекунад. Ибни Касир (р) гуфтааст, ки саҳеҳ он аст, ки Билқис зарфи тиллоеро тақдим кардааст. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «