Тафсири Сураи Намл Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 41
قَالَ نَكِّرُوۡا لَهَا عَرۡشَهَا نَـنۡظُرۡ اَتَهۡتَدِىۡۤ اَمۡ تَكُوۡنُ مِنَ الَّذِيۡنَ لَا يَهۡتَدُوۡنَ ٤١
Қола наккиру лаҳа ъаршаҳа нанзур атаҳтади ам такуну мина-л-лазӣна ла яҳтадун. 41.
41. Сулаймон гуфт: «Тахти ӯро барои имтиҳони ин зан мутағайир (дигаргун) созед, то бингарем, оё роҳи шинохт меёбад ё аз ононе мешавад, ки роҳ намеёбанд».
Барои ин ки ақлу фаросоти маликаи Саборо биозмояд Сулаймон (а) фармуд тахти ӯро баъди ҳозир сохтан каме дигаргун гардонанд, то ношиностар шавад. Оё Билқис тахти худро мешиносад ё аз ҷумлаи шахсоне мешавад, ки ба шинохтани тахти худ қодир нест. Ба ҳар ҳол ин имтиҳоне буд аз ҷониби Сулаймон (а), то малика зарурати имон оварданро пай мебарад ё не. Яъне агар тахти худро шиносад, роҳи имон оварданро низ ба хубӣ мешиносад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «