Сураи Намл Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 42

فَلَمَّا جَآءَتۡ قِيۡلَ اَهٰكَذَا عَرۡشُكِ‌ؕ قَالَتۡ كَاَنَّهٗ هُوَ‌ۚ وَاُوۡتِيۡنَا الۡعِلۡمَ مِنۡ قَبۡلِهَا وَ كُنَّا مُسۡلِمِيۡنَ ٤٢

Фа ламма ҷаат қӣла а-ҳаказа ъаршуки. Қолат ка аннаҳу ҳу. Ва утӣна-л-ъилма мин қаблиҳа ва кунна муслимӣн. 42.

42. Пас, чун (Билқис) биёмад, ба ӯ гуфта шуд: «Оё тахти ту чунин аст?». Гуфт: «Гӯё ин ҳамон аст. Ва моро ба ҳаққонияти Сулаймон пеш аз ин дониш дода шуд ва мо мусалмон ҳастем».

Ҳангоме ки маликаи Сабо ба қаср назди Сулаймон (а) ворид шуд, тахтеро дид бо хело дигаргуниҳо, аммо монанди тахти ӯст. Агар гӯяд, ки тахти ман аст, тахт пеш аз ӯ ин ҷо чӣ хел омад? Агар аз ман нест гӯяд, монанди тахти ӯст. Хулоса, дар ин асно касе ишора ба тахт карду ба малика гуфт: «Оё тахти ту ҳамин гуна аст?» Малика ақлу заковати худро ба кор бурда, ба саволи ташбеҳолуди онҳо дар посух на ҷавоби мусбате дод ва на ҷавоби манфӣ. Гуфт, ки гӯё ин ҳамон аст. Ва дар сухани худ афзуд. Мо пеш аз ин огоҳ шудем ва Ислом оварда будем. Баъзе аз муфассирон аз ҷумла Муҷоҳид ин ҷузъи оятро сухани Сулаймон (а) донистаанд. Яъне Сулаймон (а) гуфт, ки мо пеш аз ин ҳам ба Ислом овардани ӯ огоҳ будем. Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)