Сураи Намл Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 40

قَالَ الَّذِىۡ عِنۡدَهٗ عِلۡمٌ مِّنَ الۡـكِتٰبِ اَنَا اٰتِيۡكَ بِهٖ قَبۡلَ اَنۡ يَّرۡتَدَّ اِلَيۡكَ طَرۡفُكَ‌ؕ فَلَمَّا رَاٰهُ مُسۡتَقِرًّا عِنۡدَهٗ قَالَ هٰذَا مِنۡ فَضۡلِ رَبِّىۡ‌ۖ لِيَبۡلُوَنِىۡٓ ءَاَشۡكُرُ اَمۡ اَكۡفُرُ‌ؕ وَمَنۡ شَكَرَ فَاِنَّمَا يَشۡكُرُ لِنَفۡسِهٖ‌ۚ وَمَنۡ كَفَرَ فَاِنَّ رَبِّىۡ غَنِىٌّ كَرِيۡمٌ ٤٠

Қола-л-лазӣ ъиндаҳу ъилму-м мина-л-китаби ана атӣка биҳӣ қабла ан яртадда илайка тарфук. Фа ламма рааҳу мустақирран ъиндаҳу қола ҳаза мин фаЗли Раббӣ ли яблувани а-ашкуру ам акфур. Ва ман шакара фа иннама яшкуру ли нафсиҳ. Ва ман кафара фа инна Раббӣ ғанийюн карӣм. 40.

40. Шахсе, ки назди ӯ аз Китоби Аллоҳ илм буд, гуфт: «Ман ӯро назди ту, пеш аз он ки бозгардад чашми ту ба сӯи ту, (дар як мижа задан) меоварам». Пас, чун Сулаймон онро назди хеш қароргирифта дид, гуфт: «Ин муъҷиза аз фазли Парвардигори ман аст, то маро имтиҳон кунад. Оё шукргузорӣ мекунам ё носипосӣ менамоям. Ва ҳар, ки шукргузорӣ мекунад, ҷуз ин нест, ки барои нафъи хеш шукргузорӣ мекунад ва ҳар ки носипосӣ кунад, пас, Парвардигори ман бениёзу карамкунандааст».

Эҳтимол меравад аз маҷлис нохеста ҳозир шудани тахт, дар назари Сулаймон (а) дер ҳисобида шуд. Шахсе бо номи Осаф ибни Бархиё аз бани Исроил назди Сулаймон (а) нишаста ва ӯ аз китоби Илоҳӣ бохабар буд ва дар кори вазорат адои вазифа дошт. Ӯ гуфт, ки ман тахти маликаи Саборо пеш аз он ки чашми худро бар ҳам занӣ, яъне дар як мижа задан назди ту ҳозир мекунам. Сулаймон (а) ба Осаф иҷозат дод, ки тахтро ҳозир гардонад, онгоҳ Осаф дуъо кард (бо изни Худованд) тахт оварда шуд. Чун Сулаймон (а) тахтро назди худ ҳозир дид, гуфт, ки ин фазлу марҳамати Парвардигори ман аст, то маро биёзмояд. Оё дар баробари ин неъматҳои Ҳақ таъоло эътирофу шукргузорӣ мекунам, ё ин ки Ӯро носипосӣ мекунаму шукронаи неъматҳои Ӯро ба фаромӯшӣ месупорам. Сипас, барои таъкиди сухани худ гуфт, ки Худованд ба шукронаи ҳеҷ кас ҳоҷат надорад. Ҳар касе шукр варзад, ин суди худи ӯст ва ҳар касе ношукр бошад, бар зиёни худи ӯст. Аммо Худованд карим аст. Боз чунин шахси носипосро то охири умр ризқу рӯзӣ медиҳад.

Хулоса, тахти маликаи Сабо оварда шуд. Барои санҷиши ақлу заковат ва фаҳму фаросоти Билқис…


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)