Сураи Намл Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 49

قَالُوۡا تَقَاسَمُوۡا بِاللّٰهِ لَـنُبَيِّتَـنَّهٗ وَ اَهۡلَهٗ ثُمَّ لَـنَقُوۡلَنَّ لِوَلِيِّهٖ مَا شَهِدۡنَا مَهۡلِكَ اَهۡلِهٖ وَاِنَّا لَصٰدِقُوۡنَ ٤٩

Қолу тақасаму биллаҳи ла нубаййитаннаҳу ва аҳлаҳу сумма ланақуланна ли валиййиҳӣ ма шаҳидна маҳлика аҳлиҳӣ ва инна ла садиқун. 49.

49. Ба якдигар бо Худо қасам хӯрда гуфтанд: «Албатта, бар Солеҳ ва бар аҳлу хонаи ӯ шабехун занем ва сипас, албатта, вориси ӯро хоҳем гуфт: «Вақти ҳалок шудани аҳли ӯ ҳозир набудем ва ҳаройина, мо ростгӯем».

Чун Солеҳ (а) ба насиҳати мардум шурӯъ кард, хело мардум ба ӯ (а) тобеъ шуданд. Майдон бар ин гурӯҳак (нуҳ тан) гӯё танг шуд, сипас, онҳо байни худ машварат оростанд, то коре кунанд, ки Солеҳ (а) ва тарафдоронашро аз байн бардоранд. Гуфтанд биёед ҳар яке аз мо бо Худо қасам ёд кунем, ки бар ӯ Солеҳ (а) ва хонаводааш шабехун бизанем ва онҳоро қатл кунем, сипас, ба волии (вориси) Ӯ мегӯем, ки мо сухани рост мегӯем, ҳаргиз аз ҳалоки хонаводаи ӯ хабар надорем, аз куҷо донем, ки ин ҳодисаро, ки анҷом додааст. Ин аст расму роҳи шахсони мункири қиёмат ва аз Худо бехабар, ҷиноят мекунанд ва мункир мешаванд, гӯё Худованд онҳоро надидааст ва аз ҳоли онҳо бехабар аст. Баъзе аз муфассирон дар муқаддимаи шарҳи ояти зери назар ҳодисаи аҷиберо нақл карданд. Дар ривоятҳо омадааст, ки дар канори шаҳре, ки Солеҳ (а) мезист, кӯҳе буд ва он сӯрохе дошт, ки Солеҳ (а) онро ибодатгоҳи худ интихоб карда, гоҳ-гоҳ шабона ба он ҷо мерафту ба ибодату розу ниёз машғул мешуд. Он нуҳ тани фасодкор тасмим гирифтанд, ки дар он ҷо камин гиранд. Ҳангоме ки Солеҳ (а) дар он ҷо ба ибодат машғул мешавад, ғофилгирона ӯро ба қатл расонанд ва пас аз ин ба хонаи ӯ ҳамла баранд. Агар савол шавад, гӯянд, ки мо намедонем ва ҳеҷ хабаре надорем. Локин Худованд макри онҳоро нақше бар об кард. Яъне, ҳангоме ки онҳо дар камин буданду роҳи Солеҳ (а)-ро мепоиданд, кӯҳ резиш кард, санги калоне аз болои кӯҳ сарозер шуд, дар як мижа задан ҳамаи онҳоро зада нобуд сохт. Дар ояти зер Худованд хабар додааст, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)