Сураи Намл Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 50

وَمَكَرُوۡا مَكۡرًا وَّمَكَرۡنَا مَكۡرًا وَّهُمۡ لَا يَشۡعُرُوۡنَ‏ ٥٠

Ва макару макра-в ва макарна макра-в ва ҳум ла яшъурун. 50.

50. Ва ба навъе аз ҳила ҳила карданд ва Мо навъе аз тадбирро тадбир кардем ва онҳо намедонистанд.

Он нуҳ тани фасодкор, чуноне ки дар ривояти қаблӣ гузашт, макру найранги бисёр сахт карданд. Худованд мегӯяд, ки мо низ онҳоро дар баробари макрашон ба муҷозот расонидем, дар ҳоле ки пай набурданд, то барои дафъи ҳалоки худ қаблан омодагии худро бинанд. Муҳаммад ибни Исҳоқ дар шарҳи ояти мазкур ривояти дигареро маъқул дониста, чунин гуфтааст: Он нуҳ тан баъд аз ин ки Қудор шутурро пай кард, ба якдигар гуфтанд: «Биёед Солеҳро низ ба қатл расонем, агар ӯ ростгӯ бошад, пеш аз худ ба қатл расонидаем. Агар дурӯғгӯй бошад, ӯро ба шутуруш ҳамроҳ кардаем. «Хулоса, он нуҳ марди фасодкор бо чунин маслиҳат шабҳангом хостанд бар Солеҳу хонаводааш шабехун кунанд, аммо фариштагон онҳоро сангборон карданд. Соҳибони онҳо ба Солеҳ (а) гуфтанд: «Ту онҳоро ба қатл расонидӣ, дар ивази онҳо аз ту қасос хоҳем гирифт». Локин наздикони Солеҳ (а) барои дифоъи ӯ (а) силоҳ бар тан карда, ба онҳо гуфтанд: «Ба Худо савганд, ҳаргиз ба шумо иҷозат нахоҳем дод, ки ӯро ба қатл расонед! Ҳол он ки барои айшу нӯш, шуморо зарфи се рӯз иҷозат додааст, баъди он бояд бар сари шумо азоб фуруд ояд. Агар ӯ рост гуфта бошад, бо қатли ӯ хашми Худоро бар худ зиёд накунед, агар дурӯғ гуфта бошад, баъди се рӯз шумо медонеду ӯ». Тарафи мухолиф бо насиҳати носеҳон силоҳи худро ба замин гузоштанд.

Аз касофатии ин нуҳ тани фасодкор бар сари қавм чӣ балоҳо омад, дар ояти зер ишора шудааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 51 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)