Сураи Намл Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 53

وَاَنۡجَيۡنَا الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا وَكَانُوۡا يَتَّقُوۡنَ‏ ٥٣

Ва анҷайна-л-лазӣна оману ва кану яттақун. 53.

53. Ва ононеро, ки имон оварданд ва парҳезгорӣ мекарданд, наҷот додем.

Худованд дар ин оят бо таври ҷудогона хабар додааст, ки чун барои ҳалоки он қавми золим балои мудҳиш омад, ҳамзамон касонеро ки ба Солеҳ (а) имон оварда тақводорӣ (тарси Худо)-ро пеша карда буданд, аз он азоби расвокунанда наҷот додем. Оятҳои зер аз қиссаи Лут (а) хабар медиҳанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 54 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)