1. Дар мактаби миёна Владимир Путин доимо аз фанҳои математика, химия, геометрия ва физика баҳои се 🙂 мегирифтааст. Тасаввур кунед, ки айни ҳол ин шахси муътабар президенти Россия мебошад. Агар мешуду Путин аз фанҳои дақиқ баҳои се нею панҷ мегирифт, «нуран ало нур» мешуд. 🙁
2. Бахти баланди Владимир Путин боис гардидааст, ки ӯ соли 1974 автомашинаи тамғаи «Запарож» – ро соҳиб шавад. Ин автомашинаро ба ӯ модараш, ки аз бозии лоторея бурд намудааст, тӯҳфа кардааст. «Запарож» -и он вақта «Лексус» ё «Галэнваген»- и ҳозира ба ҳисоб меравад. Айни ҳол Путин автомашинаи тамғаи «Сенат Лимузин» – ро дорост, ки 12 млрд арзиш дорад. Аз ин фаҳмидан мумкин, ки тақдири Путин дар аксарияти корҳояш баландӣ мекардааст.
3. Путин ба ваъдаҳояш он қадар вафо намекардаст, зеро мувофиқи гуфтаи собиқ завҷаи ӯ ҳамеша ба вохӯрӣ 1 ё 1,5 соат дер меомадааст.
4. Путин 7- октябри соли 1952 ба дунё омадааст. Агар ӯ 2 рӯзи дигар дар батни модараш сабр намекард, дар як рӯз ду президенти оянда таваллуд меёфт, чунки президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ 5- октябри соли 1952 ба дунё омадааст. Гарчанде президенти мо ду рӯз хурд ҳам бошад, аммо фаъолияти президентиашро 6 сол пеш аз Владимир Путин оғоз кардааст.
5. Дар хурди Путин орзӯи мушовир шуданро дошт. Ба ҳамин хотир ӯ факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм намуда, дар ин вазифа солҳои сол кору фаъолият намудааст.
Ин мавод бо тарҷума аз сомонаҳои рӯсӣ пешниҳоди Шумо гардид.