Тафсири Сураи Намл Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 52
فَتِلۡكَ بُيُوۡتُهُمۡ خَاوِيَةً ۢ بِمَا ظَلَمُوۡا ؕ اِنَّ فِىۡ ذٰ لِكَ لَاٰيَةً لِّـقَوۡمٍ يَّعۡلَمُوۡنَ ٥٢
Фа тилка буйутуҳум хавиятан би ма заламу. Инна фӣ залика ла-аята-л ли қавми-н яъламун. 52.
52. Пас, ин аст ба сабаби зулме ки карданд, хонаҳои онҳо холӣ монданд, ҳаройина, дар ин моҷаро гурӯҳеро ки медонанд, нишонае ҳаст.
Бо истифода аз ояти 78-уми сураи «Аъроф», ояти 67-уми сураи «Ҳуд (а)» ва ояти 44-уми «Зориёт», қавми Солеҳ (а)-ро дар аввал зилзила, садои фавқулоддаи баланд ва оташаке ба ҳалокат расонд. Ҳоло дар ин оят хабаре аз хонаву дари онҳо омада, Худованд гуфтааст, ки чун онҳо ба хотири зулму ситамашон ҳалок шуданд, бубин хонаҳои онҳо холӣ монд; дигар на садое аз онҳо ба гӯш мерасид, на нозу неъмат монд ва на он маҷлисҳое ки менишастанду бар зидди Солеҳ (а) ва пайравони ӯ (а) машваратҳо мегузарониданд. Албатта, дар он чи гузашт, барои шахсоне, ки ақлу фаросат ва илму дониш доранд, барои қудрати Парвардигорро фаҳмидан дарси ибрат аст. Аммо шахсони ҷоҳилу нодон боз хатои чунин золимони гузаштаро такрор мекунанду мисли онҳо бо чунин ҳодисаҳои мудҳиш даст мезананду аз рӯйи замин несту нобуд мешаванд.
Ояти зер аз ҳоли имоновардагони он қавм хабар додааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «