Сураи Намл Ояти 65 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 65 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 65

قُلْ لَّا يَعۡلَمُ مَنۡ فِى السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضِ الۡغَيۡبَ اِلَّا اللّٰهُ‌ؕ وَمَا يَشۡعُرُوۡنَ اَيَّانَ يُبۡعَثُوۡنَ ٦٥

Қул ла яъламу ман фи-с-самавати ва-л-арЗи-л ғайба иллаллоҳ. Ва ма яшъуруна аййана юбъасун. 65.

65. Бигӯ: «Ҳеҷ, кас (аз онҳое ки) дар осмонҳо ва Замин аст, ғайбро намедонад, магар Худо ва онҳо намедонанд, ки кай барангехта шаванд».

Худованд дар панҷ ояти гузашта ба дувоздаҳ нишонаи бузурги Худ ишора фармуд: Аз он ҷумла: Осмон, Замин, нузули борон, таъсири он, оромишу қароргоҳи инсон дар рӯйи замин, наҳрҳои оби ҷорӣ, кӯҳҳои побарҷо, пардае миёни оби шӯру ширин, иҷобати дуъои дармондагон (ба хусусан шахси музтар), ҳидояти онҳо дар торикиҳои бару баҳр бо ситорагон, бодҳои муждаовари пешопеши омадани борон, таҷдиди ҳаёти мавҷудот, ризқу рӯзии инсон аз Осмону Замин. Ҳоло дар ин оят Пайғамбари Худро фармудааст, ки ба касе, ки даъвои донистани илми ғайб дорад бигӯ, ки ба ғайр аз Худованд дигар ҳеҷ кас, чи дар Осмон бошад ё дар Замин, илми ғайбро намедонад. Ва ҳамчунин намедонад, ки кай қиёмат барпо мешаваду кай мурдагон аз нав барангехта мешаванд. Агар Худованд бахше аз илми ғайбро бо ризоияти Худ, дар ихтиёри расулонаш гузорад, чуноне ки дар оёти 26-27-уми сураи «Ҷин» ишора шуд, ҳамон миқдор метавонанд аз илми ғайб огоҳӣ пайдо кунанд. Илова бар ин, масъалаи донистани вақти барпошавии қиёмат аз ин амр мустасност, ҳеҷ кас, хоҳ фаришта бошаду хоҳ набӣ, аз он огаҳӣ надорад. Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 64 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 66 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)