Тафсири Сураи Намл Ояти 64 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 64
اَمَّنۡ يَّبۡدَؤُا الۡخَـلۡقَ ثُمَّ يُعِيۡدُهٗ وَمَنۡ يَّرۡزُقُكُمۡ مِّنَ السَّمَآءِ وَالۡاَرۡضِؕ ءَاِلٰـهٌ مَّعَ اللّٰهِؕ قُلۡ هَاتُوۡا بُرۡهَانَكُمۡ اِنۡ كُنۡتُمۡ صٰدِقِيۡنَ ٦٤
Ам ма-н ябдау-л-халқа сумма юъӣдуҳу ва ма-н ярзуқукум-м мина-с-самаи ва-л-арЗ. А-илаҳум маъаллоҳ. Қул ҳату бурҳанакум ин кунтум содиқӣн. 64.
64. Кист он ки пайдо мекунад офариниши аввалро, сипас бори дигар баргардонад ӯро ва кист он ки шуморо аз Осмон ва Замин рӯзӣ медиҳад? Оё ҳамроҳи Худо маъбуди дигаре ҳаст? Бигӯ: «Агар ростгӯ ҳастед, ҳуҷчати худро биёред!».
Дар панҷумин саволе, ки дар бораи мабдаъ ва маъод сухан меравад, Худованд мушриконро хитоб намуда гуфтааст, ки оё бутҳои шумо беҳтаранд ё касе ки оғози офариниш ва баъди аз дунё гузаштан, дар қиёмат, бори дигар аз нав зинда гардонидани онҳо дар ихтиёри Ӯст? Агарчи мушрикон ба офариниши аввал эътироф дошта бошанд ҳам, локин ба маъод бовар надоранд. Аз мазмуни ин оят бар онҳо лозим мегардад, ки бояд бар маъод (зинда гардонидани баъди мурдан) иқрор кунанд. Дар идомаи ояти мазкур Худованд гуфтааст, ки чӣ касе баъди оғоз то охири умр шуморо аз Осмону Замин ризқу рӯзӣ медиҳад? Оё маъбудҳои шумо ё Худованди яккаву беҳамто? Оё бо ин ҳол боз ҳам эътиқод доред, ки маъбуде ҳамроҳи Худо ҳаст, ки чизеро меофараду сомон медиҳад? Ҳаргиз чунин нест! Сипас, Худованд ба ҳабиби Худ (с) фармуд, ки ба мушрикон бигӯ, ки ай мушрикон, агар ба гуфтаҳои ман бовар надоред, дар ин ки мегӯед Худои субҳон (наъузу биллоҳ) шарике дорад ва ростгӯй ҳастед, далелу ҳуҷҷати худро биёред, то бубинем, ки маъбудҳои шумо мисли Аллоҳ чӣ чизро офарида тавонистаанд? Маълум аст, ки ғайри Худои якто ягон махлуқ аз махлуқоти Худованд ҳатто як пари пашшаро офарида наметавонанд!
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «