Тафсири Сураи Намл Ояти 69 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 69
قُلۡ سِيۡرُوۡا فِى الۡاَرۡضِ فَانْظُرُوۡا كَيۡفَ كَانَ عَاقِبَةُ الۡمُجۡرِمِيۡنَ ٦٩
Қул сӣру фи-л-арЗи фанзуру кайфа кана ъақибату-л муҷримӣн. 69.
69. Бигӯ: «Сайр кунед дар Замин, пас, бингаред, анҷоми кори гунаҳгорон чӣ гуна буд!».
Дар ин оят Худованд Пайғамбари Худ (с)-ро хитоб намуда фармудааст, ки ба онҳо бигӯ, ки эй касоне, ки қиёмату барангехта шудан дар он рӯзро бовар надоред, дар рӯйи замин як сайру саёҳат кунед ва осори гузаштагонеро, ки чун шумо мункири тавҳиду қиёмату маъод буданд ва ҳушдорҳои пайғамбаронро дурӯғ ҳисобиданд, бубинед, ки шаҳру диёр ва худашон ба кадом ҳолату уқубат гирифтор шудаанд!
Хулоса, аз мазмуни ояти мазкур зимнан чунин мешавад, ки мушрикони инкоркунандаи баъс, агар ислоҳ нашаванд, тақлиди ниёгони худ кунанд, сарнавишти гузаштагон бар сарашон хоҳад омад.
Барои маълумоти бештар ба ояти 137-уми сураи «Оли Имрон» муроҷиъат шавад. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «