Тафсири Сураи Намл Ояти 68 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 68
لَـقَدۡ وُعِدۡنَا هٰذَا نَحۡنُ وَاٰبَآؤُنَا مِنۡ قَبۡلُۙ اِنۡ هٰذَاۤ اِلَّاۤ اَسَاطِيۡرُ الۡاَوَّلِيۡنَ ٦٨
Лақад вуъидна ҳаза наҳну ва абауна мин қаблу ин ҳаза илла асатӣру-л-аввалӣн. 68.
68. Ҳаройина, пеш аз ин моро ва падарони моро ваъда дода шуд. Нест ин сухан, магар афсонаҳои пешиниён».
Мушрикон дар мавриди қиёмат сухани Расулаллоҳ (с)-ро, чуноне ки дар ояти қаблӣ гузашт, бовар намекарданд. Ҳоло дар давоми сухан онҳо (мушрикон) гуфтанд, ки дар ҳақиқат ягон нишонае дар масъалаи аз нав барангехта шудан назди мо маълум нест. Ин ба ҷуз як ваъда ва як сухани беасосу дурӯғпардозиҳо, афсонаҳо ва достонҳои пешиниён чизи дигаре нест, ки ба мо ва ба падарони гузаштаи мо гуфтеду мегӯед. Мо ҳеҷ надидаем, ки баъди марг касе аз падарони мо аз нав зинда шуда боз ба дунё бозгашта бошад.
Хулоса, мушрикони мутаъассиби ҳамасри Расулаллоҳ (с) бо масхара ва бо гуфтани чунин суханҳо рӯзи қиёматро инкор мекарданд. Ояти зер чунин афродро бо муҷозоте, ки дар пеш доранд, таҳдид кардааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «