Сураи Намл Ояти 72 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 72 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 72

قُلۡ عَسٰٓى اَنۡ يَّكُوۡنَ رَدِفَ لَـكُمۡ بَعۡضُ الَّذِىۡ تَسۡتَعۡجِلُوۡنَ ٧٢

Қул ъаса ан якуна радифа лакум баъЗу-л-лазӣ тастаъҷилун. 72.

72. Бигӯ: «Шояд баъзе он чӣ бо шитоб металабед, ба шумо наздик шуда бошад».

Чун мушрикон дар бораи вуқӯъи қиёмат саволҳои масхараомез (чуноне ки дар оятҳои қаблӣ гузашт) медоданд, Худованд Расули Худ (с)-ро фармуд, ки дар посух ба онҳо бигӯ, ки эй мушрикон, шумо чаро бар сари худатон азобро бо шитоб талаб мекунед?! Шояд он азоберо металабед, назди шумо ё дар канори шумо бошаду шумо онро надонед; Чаро азоби Илоҳиро ночиз шуморида, бар худ раҳм намекунед? Муфассирон калимаи «Ъаса»-ро, ки дар ин оят омадааст ба маънои ногузир истифода намудаанд. Дар бораи он ки манзур аз ин азоби дар канори мушриконбуда кадом азоб аст, баъзе аз муфассирон ғазои Бадрро дар назар доштаанд, ки дар он ҳафтод тани сардамдорони мушрикон ҳалок ва ҳафтод тани онҳо асир афтод. Ба қавле азоби қабр аст.

Хулоса, бояд инсон чунин имон дошта бошад, ки дар кадом лаҳзае, ки Худованд хоҳад, метавонад ба ваъдаи Худ вафо кунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 71 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 73 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)