Сураи Намл Ояти 73 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 73 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 73

وَاِنَّ رَبَّكَ لَذُوۡ فَضۡلٍ عَلَى النَّاسِ وَلٰكِنَّ اَكۡثَرَهُمۡ لَا يَشۡكُرُوۡنَ ٧٣

Ва инна Раббака ла зу фаЗлин ъала-н-наси ва лакинна аксараҳум ла яшкурун. 73.

73. Ва ҳаройина, Парвардигори ту бар мардум дорои фазл аст, валекин бештари онҳо шукр намекунанд.

Ояти мазкур маънои ояти қаблиро идома дода, дар он Худованд аз раҳму шафқати Худ хабар додааст, ки агарчи мушрикон бар сари худ азобро бо шитоб металабанд, локин Худованд бо фазлу марҳамати Худ дар муҷозоти онҳо шитоб намекунад, ба онҳо муҳлати кофӣ медиҳад, онҳо метавонанд дар ин муҳлат худро ислоҳ кунанд. Ҳамчунин касоне, ки гуноҳ мекунанду дар ҳол ба азоб гирифтор намешаванд, низ бояд шукрона кунанду ҳаққи эҳсони Парвардигорро шиносанд ва худро ислоҳ созанд. Локин аксари мардум аз фазлу меҳрубонии Худованд дар ғафлат монда, шукрона намекунанд, ба ҷои шукрона бо масхара мегӯянд, ки Қиёмат кай мешавад? Барои маълумоти бештар ба ояти 33-юми сураи «Анфол» ва ба ояти 69-уми сураи «Қасас» муроҷиъат шавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 72 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 74 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)