Сураи Намл Ояти 93 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 93 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 93

وَقُلِ الۡحَمۡدُ لِلّٰهِ سَيُرِيۡكُمۡ اٰيٰتِهٖ فَتَعۡرِفُوۡنَهَا‌ ؕ وَمَا رَبُّكَ بِغَافِلٍ عَمَّا تَعۡمَلُوۡنَ ٩٣

Ва қули-л ҳамду лиллаҳи саюрӣкум айатиҳӣ фа таърифунаҳа. Ва ма Раббука би ғофилин ъамма таъмалун. 93.

93. Ва бигӯ: «Ситоиш Худойрост, ки оётҳои Худро ба шумо хоҳад намоёнид, пас, онҳоро бишносед!». Ва Парвардигори ту аз он чӣ мекунед, бехабар нест.

Дар баробари ин ҳама неъматҳо ба хусус; неъмати ҳидоят, неъмати нубувват, илм, тиловати Қуръон ва ғайра Худованд дар охирин ояти сураи мазкур ба ҳабиби Худ (с) хитоб намуда фармудааст, ки бигӯ, ки ситоиш азони Худост, ба зудӣ оят (нишона)-ҳояшро ба шумо хоҳад нишон дод, пас онҳоро хоҳед шинохт ва бар қудрату ваҳдонияти Вай пай хоҳед бурд. Аммо ин шинохтан ба ҳоли кофирон суде накунад, зеро онҳо оятҳои Паравардигорро ҳангоме мешиносанд, ки дар он ҳангом имон овардан аз онҳо пазируфта намешавад. Яъне дар ҳолати маргашон мефаҳманд, локин ҳайҳот. Маънои ояти мазкур васеъ аст, эҳтимоли онро дорад, ки инкишофоти нави илмӣ ва таҷрибаҳои пешрафтаи асри имрӯза, ки бар мавҷудияту ваҳдоният ва бар бузургии Парвардигор далолат мекунанд, ҷузъи маънои ин оят бошанд.

Хулоса, дар охирин ояти ин сура Худованд бо таҳдид гуфт, ки Парвардигори ту бар ҳама чиз гувоҳ аст, аз ҳар чизе мекунед ва аз ҳар сухане мегӯед ва аз ҳар ҳаракате, ки мекунед, ғофил нест. Ин аст ҳушдори судбахш барои инсонҳо. Валлоҳу аълам.

Поёни сураи «Намл» ва лиллоҳи ҳамд.

Бор Илоҳо! Анбӯҳи мушкилот моро фаро гирифтааст, моро бар онҳо қувват деҳ ва пирӯз гардон! Худоё! Хешро ба сояи лутфу марҳамати ту мегирем.


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 92 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қасас – Тафсири Осонбаён (Қуръон)