Тафсири Сураи Касас – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи «Қасас» дар Маккаи мукаррама нозил шуда, дорои 88 оят аст.
Ҷалолуддини Суютӣ (р) дар муқаддимаи ин сура чунин гуфтааст: Дар сураҳои «Шуъаро» ва «То, син» Худои субҳон достони Мӯсо (а)-ро иҷмолан зикр кардааст, дар ин сура ин қиссаро бо тафсил баён мекунад. Бинобарин ин, сураро сураи «Қасас» номида шуд. Аз Имом Олусӣ дар тафсири «Руҳу-л-маъонӣ» аз Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ва аз Ҷобир ибни Зайд (р) ривоят шудааст, ки сураи «Шуъаро», сураи «Намл», сураи «Қасас» пайи ҳам нозил шудаанд.
Хулоса, таърихи Мӯсо (а) агар дар дигар сураҳо мухтасаран омада бошад, дар ин сура бо тарзи васеъ ва аммо аз чаҳор ҷиҳат мухтасар баён шудааст.
1. Аз таваллуди Мӯсо (а) ва аз балоҳои бар сари ӯ (а) омада, аз ҳоли модараш, ки ӯ (а)-ро дар сандуқе ниҳод ва онро дар дарё андохт, дарё ӯро ба қасри Фиръавн бурд.
2. Ҳаёти Мӯсо (а) дар қасри Фиръавн.
3. Чун Мӯсо (а) ба воя расид, касеро хост аз қавми худ ёрӣ диҳад, ба тарафи муқобил зарба зад. Нохост ӯ ҷон аз даст дод. Чун дар муқобил ва ивази ӯ Фиръавн қасди куштани ӯ (а)-ро содир кард, ӯ (а) бо маслиҳати марди солеҳ аз Миср ба шаҳри Мадян фирор кард.
4. Аз ҳаёти ӯ (а) дар шаҳри Мадян назди Шуъайб (а), аз хонадор шудан ба яке аз духтарони Шуъайб (а), машғул шудани ӯ (а) бо чорводорӣ, аз Мадян баргаштан, аз ҳодисаҳое, ки назди кӯҳи Тур рух дод, ба Пайғамбарӣ мушарраф шуда ба шаҳри Миср рафтан, аз воқеъаҳое, ки байни ӯ (а) ва Фиръавн рух дод ва ғайра. Дар сураи мазкур қиссаи «Қорун» низ дарҷ шудааст. Чун ӯ меъёри ҳар чизро бо моддиёт чен мекард, дар охир аз дунё бе имон рафт. Дар оятҳои охири сураи мазкур Худованд иршод фармудааст, ки ягона роҳи некбахтию саъодат роҳи пайғамбарони илоҳист.
Ин буд назари кӯтоҳ аз мундариҷаи сураи «Қасас». Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қасас «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «