Сураи Намл Ояти 92 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 92 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 92

وَاَنۡ اَتۡلُوَا الۡقُرۡاٰنَ‌ۚ فَمَنِ اهۡتَدٰى فَاِنَّمَا يَهۡتَدِىۡ لِنَفۡسِهٖ‌ۚ وَمَنۡ ضَلَّ فَقُلۡ اِنَّمَاۤ اَنَا مِنَ الۡمُنۡذِرِيۡنَ ٩٢

Ва ан атлува-л-Қур-ан. Фа ман иҳтад фа иннама яҳтадӣ ли нафсиҳ. Ва ман залла фа қул иннама ана мина-л-мунзирӣн. 92.

92. Ва (маро фармуда шуд) Қуръонро бихонам. Пас, ҳар кас роҳ ёфт, пас, ҷуз ин нест, ки барои нафъи хеш роҳ ёфтааст ва ҳар кас гумроҳ шуд, пас бигӯ: «Ҷуз ин нест, ки ман аз бимкунандагонам».

Хитоби Худованд дар ин оят низ идома дошта, Худованд ба Расули Худ (с) фармуд, ки ба онҳо (мушрикон) бигӯ, ки ман аз тарафи Худованд амр шудаам, ки Қуръонро тиловат кунам, ба ҳама амрҳои Парвардигор, ки дар он дарҷ гардидааст, такя кунам, бо он алайҳи ҳаргуна ширку гумроҳӣ мубориза барам ва мардумро ҳушдор диҳаму ба сӯйи имон даъват кунам. Шумо (мушрикон) тасаввур накунед, ки имон оврадани шумо ба ман ё аз ман болотар барои Худованди бузург суде дорад? На! Ҳар касе даъвати маро бипазираду ҳидоят шавад, чи дар дунё ва чи дар охират, суди он ба фоидаи худи ӯст. Ҳар касе гумроҳ шавад, зиёни гуноҳҳояш бар зарари худи ӯст. Дар идомаи ин оят Худованд фармуд, ки ба онҳо (мушрикон) бигӯ, ман барои шумо фақат як фарди бимдиҳандаам, вазифаи ман барои шумо амру наҳйи Худовандро ошкоро расонидан аст, дигар чизе бар уҳдаи ман нест. Ба шумо ҳаминро гуфтаниам, ки натиҷаи гумроҳиятон, чи дар дунё ва чи дар қиёмат, гиребонгири шумост. Хитоби Худованд дар ояти зер идома дорад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 91 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 93 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)