Тарҷумаи чанд ҷумлаи занҳо, шухиҳои тоҷикона, ҳаҷву ханда, ин ҳама аз сомонаи www.DONISH.su – Суи ДОНИШ.

Тарҷумаи чанд ҷумлаи занҳо >>>
Ҳа, пирхар, дар куҷо мегардӣ? – Ман зиқ шудам!
Надорӣ ягон сомонӣ? – Пулҳои саҳарӣ додаат ҳамон вақт тамом шуда буд.
Пагоҳ очаам меомадааст! – Пагоҳ хушдоманат меомадааст.
Дар ҷои корат чӣ гап аст? — Маошата ҳичи зиёд накарданд?
Дар рӯзи таваллудат чӣ туҳфа кунам? — Мо як утюги нағз надорем!?
Ба ҳавои тоза намеброем? — Биё, ба ягон мағозаи либос равем?!
Биё, ки ёдут кардум! — Телефони дугонаам кор накарда истодааст!
Имрӯз барвақтар биё! — Имрӯз барвақтар биё ва сандуқа бардор, ки ман тагша тоза кунам!
Магазин нонда ра-ааав? – Шир, равған, тухм, ҳасиб, ҷурғот, пиёзу картошка ва боз ягон чизи бамаззаи дигар харида биё!
Маро дӯст медорӣ? — Ман зиқ шудам!
Афти мара бин? — Дигар имсол ҳаму куртаи порсолара пушида наметонум, танг шудаст вай!
Ту ягон дӯстдошта дорӣ? — Дина ман шиму костюми туро «тоза» кардам.
Аз ҳамин зиндагӣ безор шудам! — Сарум дард карда истодааст, занаки ҳамсоя ҳам берун набромада истодааст, ки чақ-чақ кунем!
Сари қадам мерам, мебиём! – Ё шаб меоям ва ё пагоҳ соати ду.
Ман хонаи очам мерам, ту медониву дави аспут – Ман пагоҳ қати кудако гашта меоям.
Аз блоги Субҳон Ҷалилов (subhonjalilov.wordpress.com)
| ҲАМИН ГУНА ШУХИҲО ДАР ДИГАР МАҚОЛАҲОИ МО >>> |


