Назарияи ба вуҷуд омадани коинот

0

Кашфиётҳои муҳими Стивен Хокинг

Хокинг рисолаи доктории худро дар замоне, ки баҳсҳои шадид дар бораи ташаккули Коинот мерафт навиштааст. Дар илм ду назария – Кайҳони статсионарӣ(доимӣ) ва Таркиши бузург рақобат мекарданд.

Дар ҳардуи ин назария гуфта мешавад, ки кайҳон дар васеъшавӣ аст. Аммо мувофиқи назарияи Кайҳони стационарӣ баробари васеъ шудани фазо дар байни галактикаҳои пароканда материяи нав пайваста ба вуҷуд меояд. Тибқи назарияи дуюм, кайҳон аз ҳамон лаҳзаи Таркиши бузург ба васеъшавӣ оғоз кардааст ва то ҳол васеъшавиро давом медиҳад.

Хокинг дар диссертатсияи худ нишон дод, ки назарияи Кайҳони стационарӣ аз ҷиҳати математикӣ номувофиқ аст. Ба ҷои ин, вай исбот кард, ки кайҳон аз як нуқтаи зиччи беохир, ки сингулярӣ номида мешавад, ба вуҷуд омадааст. Имрӯз ин назарияи космологии Хокинг қариб, ки дар байни тамоми олимон қабул шудааст.


ТАВСИФИ ТАБИАТИ ВАРТАҲОИ СИЁҲ (ВС)

Бештар аз ҳама, номи Хокинг бо вартаҳои сиёҳ алоқаманд аст, ки ҳангоми пурра фишурда шудани баъзе ситораҳо зери таъсири ҷозибаи худ ВС ба вуҷуд меоянд. Мавҷудияти чунин хосиятҳоро аллакай Алберт Эйнштейн эътироф карда буд, аммо танҳо Стивен Хокинг тавонист исбот кунад, ки вартаҳои сиёҳ мавҳум набуда, балки воқеият мебошанд.

Дар солҳои 1970-ум олим муодилаҳои Эйнштейнро бо муодилаҳои механикаи квантӣ муттаҳид кард ва ба таври математикӣ исбот кард, ки дар коинот вартаҳои сиёҳ вуҷуд доранд. Далели ниҳоии парвандаи Хокинг соли 2019 буд, вақте ки телескопи Event Horizon аввалин акси вартаи сиёҳи азимро гирифт(дар шарҳ айнан ҳамин тасвир гузошта шудааст).


АФКАНИШОТИ ХОКИНГ

Одатан, мо вартаи сиёҳро ҳамчун як навъ “чанкашак”-и кайҳонӣ тасаввур мекунем, ки ҳама чизро, ки аз ҳудуди уфуқи ҳодисаҳои он мегузарад (ҳатто фотонҳо – зарраҳои рӯшноӣ) фурӯ мебарад, аммо чизеро берун аз худ намебарорад. Хокинг нишон дод, ки ҳақиқат дар бораи вартаҳои сиёҳ каме мураккабтар аз он аст, ки ба назари мо мерасад.

Бо истифода аз назарияи квантӣ, физик фаҳмид, ки баъзе аз ин фотонҳо, аз афташ, аз вартаҳои сиёҳ “канда ” шуда мебароянд. Инро ҳанӯз соли 1974 гуфта гузашта буд. Ин ҳодисаро ба шарафи олим “Афканишоти Ҳокинг” номиданд.

9 январи соли 2019 муҳаққиқони институти илмии Вейцман дар Реховот (Исроил) хабар доданд, ки онҳо дар шароити лабораторӣ “афканишоти Хокинг”-ро ба даст дароварданд. Ба ҷои вартаи сиёҳи воқеӣ, муҳаққиқон аналоги акустикӣ – “вартаи сиёҳи садо”-ро истифода бурданд, ки мавҷҳои садо аз он берун баромада наметавонанд. Онҳо эквиваленти афканишоти Хокингро маҳз ҳамон тавре, ки физик пешгӯӣ карда буд, ёфтанд.

 Кори илмии онҳо дар маҷаллаи Physical Review Letters нашр шудааст ва мухтасар дар ин бора нашрияи Science Alert нақл мекунад.

Моҳияти ин назария дар он аст, ки вартаи сиёҳ бисёртар материяро аз даст медиҳад(меафканад), нисбат ба он ки фурӯ мебарад. Ин ба, массаи худро аз додани ВС ва дар охир ба таркиши он оварда мерасонад.

Парвизи Орзуқул

Мақолаи қаблӣЗардчуба чист? Хусусиятҳои шифобахшии зардчуба
Мақолаи баъдӣНазарияи чандҷаҳонӣ-параллелӣ (мультивселенная)