
Дар солҳои 1980-ум Стивен Хокинг ҳамроҳ бо астрофизики амрикоӣ Ҷеймс Ҳартл назарияи нави пайдоиши кайҳонро таҳия карданд. Онҳо пешниҳод карданд, ки кайҳони мо, ки бо Таркиши Бузург оғоз ёфт, танҳо яке аз шумораи беохири кайҳонҳои ҳамзистист.
Мувофиқи назарияи Ҳартл-Хокинг, баъзе коинотҳои параллелӣ ба коиноти мо монанданд: дар онҳо сайёраҳо, ҷамъиятҳо ва ҳатто одамони ба мо монанд мавҷуданд.
Баъзеи дигар кайҳонҳо метавонанд каме фарқ кунанд – онҳо метавонад сайёраи монанд ба Замин дошта бошанд, аммо дар он ҳоло ҳам динозаврҳоро ҳукмрон бошанд. Сеюм, ҳама чиз метавонад комилан дигар бошад: бе Замин, шояд ҳатто бе ситораҳо ва галактикаҳо, бо қонунҳои гуногуни физика.
Шояд ба Шумо ҳамаи ин “фантастика” намояд, аммо мувофиқи қисми математикии назарияи Ҳартл-Хокинг, ин имконпазир аст. Лекин ин назария боз як масъаларо ба миён меорад, агар ин шумораи беохири оламҳо бо қонуниятҳои гуногуни физикии худ мавҷуд бошанд, пас назария наметавонад барои фаҳмидани он ки мо дар кадоме аз ин кайҳонҳо ҳастем ва дар қиёс бо дигарон чӣ хусусиятҳо дорем, мусоидат намояд.
Маҳз ҳамин парадокс дар кори охирини худ аст, ки Хокинг кӯшиш мекард, ки якҷоя бо профессор Томас Ҳертог аз донишгоҳи католикии Левени Белгия ҳал кунад.
“Стивен ҳам ман ҳам аз ин вазъият қаноатманд набудем.”- мегӯяд Ҳертог ба ВВС.
“Маълум мешавад, ки ин кайҳонҳо тасодуфан ба вуҷуд омадаанд ва мо дигар чизе гуфта наметавонем. Мо ба ҳамдигар гуфтем: “Шояд мо инро қабул кунем, аммо таслим шудан намехостем” мегӯяд олим.
“Қонунҳои физикие, ки мо дар лабораторияҳои худ санҷида истодаем, на ҳама вақт вуҷуд доштанд. Онҳо пас аз Таркиши Бузург, вақте ки кайҳони мо васеъ ва хунук мешуд, пайдо шудаанд. Айнан кадом қонунҳо ба вуҷуд меоянд, то андозае аз параметрҳои физикии Таркиши Бузург вобаста буданд.
“Мо умедворем, ки назарияҳои физикии мо аз куҷо пайдо мешаванд, чӣ гуна пайдо мешаванд ва беназиранд ё не, амиқтар фаҳмем” мегӯяд олим. Яке аз бозёфтҳои ҷолиби назарияи нав ин аст, ки ба гуфтаи Ҳертог, он метавонад ба муҳаққиқон дар пайдо кардани осори кайҳони параллелӣ дар кайҳони мо кумак кунад. Инро тавассути омӯзиши микромавҷҳои боқимондаи Таркиши Бузург анҷом додан мумкин аст.
Дар кори охирини худ Хокинг, ки 14 марти соли 2018 даргузашт, назарияи чандҷаҳониро(мультивселенная) бо профессор Томас Ҳертог такмил дод. Олимон ба хулосае омаданд, ки қонунҳои физика дар кайҳонҳои параллелӣ бояд монанди қонунҳои кайҳони мо бошанд, аммо ҳоло бо кадом роҳе аз як кайҳон ба кайҳони дигар гузаштан амри маҳол аст.


