Нигина Амонқулова

0

Нигина Амонқулова
Зодрӯз 30-юми январи 1986
Зодгоҳ Панҷакент, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон
Касб сароянда
Сабк Ретро
Сайт: http://niginamusic.net/

Нигина Амонқулова (тав. 30 январи 1986, Панҷакент, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — яке аз номдортарин овозхонҳои тоҷик дар сабки ретро.

Зиндагиномаи Нигина Амонқулова

30 январи соли 1986 дар шаҳри Панҷакент вилояти Ленинобод ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи № 1 Панҷакентро хатм карда аст. Пас аз хатми мактаби миёна дар Коллеҷи тиббӣ дониш андӯхта ва ҳамзамон бо таҳсил, ҳунари тарроҳиро низ омӯхтааст. Оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст.

Эҷодиёти Нигина Амонқулова

Нигина аз хурдсолӣ мехост пизишк шавад, аммо меҳру муҳаббати гармаш ба суруду мусиқӣ саранҷом ӯро рӯи саҳна овард ва дар як вақти кӯтоҳ ба нигини саҳнаи тоҷик табдил дод. Нигина бо як суруд — «Шаби маҳтоб» — шӯҳратёр гашт. Ин бонуи ҳунарманд то имрӯз сурудҳои зиёди дилошӯбро пешниҳоди ҳаводорону мухлисонаш гардонида, дар ҷустуҷӯи таронаҳои наву тоза аст.

Шабнами Сурайё

Мақолаи қаблӣОдина Ҳошим
Мақолаи баъдӣЯтим ва золим (ҳикоя)

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед