Аҳкоми вузӯ / тахорат (шарҳи Чоркитоб)

0

Аҳкоми вузӯ / таҳорат. Ҳукмҳои тахорат.

тахорат кардан, тарзи тахорат, тахорат килиш, тахорат тартиби, тарзи тахорат кардан бо забони точики


1-Маънои луғавӣ ва шаръии вузӯ. Маънои вузӯ бо забони тоҷикӣ обдаст аст. Аммо мурод аз вузӯ дар шариъат як навъи обдасти махсусест, ки иборат аз шустани дасту рӯй, масҳ кашидани сар, шустани пой ва дарбаргирандаи дигар суннатҳо ва мустаҳабҳост, ки Аллоҳ ва Расулаш кайфияти онро дар Қуръон ва Суннат баён кардаанд ва онро шарт барои дуруст шудани намоз гардонидаанд.

Аммо мурод аз аҳкоми вузӯ умури фарз, суннат ва мустаҳаб будаи дар дохили вузӯ мебошад, ки чунинанд:

2-Аз дидгоҳи уламои ҳанафӣ дар вузӯ чаҳор фарз аст:

1-Шустани рӯй, ки ҳудуди он аз мавзеъи дамидани муйҳои пешонӣ то зери занах (чона, фук) ва аз як нармии гӯш то нармии гӯши дигар аст.

2-Шустани ҳар ду даст ҳамроҳи оринҷҳо.

3-Шустани ҳар ду пой ҳамроҳи шитолинг (буҷулакҳои пойҳо).

4-Масҳи сар, ки ҳамаашро масҳ кашидан суннат ва чаҳор якашро масҳ кашидан фарз аст.

Далелҳои фарз будани ин умур чунин мебошанд:

1-Дар ояти шашуми сураи “Моида” Аллоҳ таоло чунин фармудааст:

{يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا قُمْتُمْ إِلَى الصَّلَاةِ فَاغْسِلُوا وُجُوهَكُمْ وَأَيْدِيَكُمْ إِلَى الْمَرَافِقِ وَامْسَحُوا بِرُءُوسِكُمْ وَأَرْجُلَكُمْ إِلَى الْكَعْبَيْنِ}(المائدة: 6)

“Эй он касоне, ки имон овардаед! Ҳар вақто барои намоз бархостед чеҳраҳоятонро бишӯед ва дастҳоятонро то оринҷҳо бишӯед ва бар саратон масҳ бикашед ва пойҳоятонро то буҷулҳо бишӯед”.

2- Далели ба ҷо омадани фарзии масҳи сар бо масҳ кашидани чаҳор яки сар аз ду ҷиҳат аст:

1- Аллоҳ таъоло дар ояти карима “Ба сарҳоятон масҳ бикашед” гуфтааст ва нагуфтааст, ки сарҳоятонро масҳ бикашед ва як миқдори сарро масҳ кашидан бар сар масҳ кашидан аст. Аммо агар мегуфт, ки сарҳоятонро масҳ бикашед дар ин сурат ҳамаи сарро масҳ кашидан лозим меомад.

2- Дар ривояти “Сунани Насоӣ” бо санади саҳеҳ омадааст, ки Пайғамбар (с) бар пешонияш, ки чаҳоряки сар аст масҳ кашидааст.Чуноне ровии ривояти мазкур саҳобии бузургвор Муғира ибни Шуъба разияллоҳ анҳу мегӯяд:

“عن الْمُغِيرَةَ بْنَ شُعْبَةَ رضي الله عنه:”كُنَّا مَعَهُ فِي سَفَرٍ، فَبَرَزَ لِحَاجَتِهِ، ثُمَّ جَاءَ فَتَوَضَّأَ، وَمَسَحَ بِنَاصِيَتِهِ وَجَانِبَيْ عِمَامَتِهِ”.(كذا في سنن النسائي -1/ 77/ 109 وحكم المحقق:صحيح).

“Дар яке аз сафарҳо ҳамроҳи Пайғамбар (с) будам, ки барои қазои ҳоҷат рафт ва сипас баргашт ва вузӯ кард ва бар пешонӣ ва ду тарафи салааш масҳ бикашид”.

Бо вуҷуди ин ҳангоми  вузӯ бояд ҳамаи сарро масҳ кашида  шавад, то мутобиқи суннати бардавоми Пайғамбар (с) вузӯ карда бошем.


Тарзи Тахорат кардан (Чӣ тавр таҳорат кунем?)

Мақолаи қаблӣМашруъ ва ғайри машруъ (фарз, воҷиб, сунат, макруҳ, ҳаром)
Мақолаи баъдӣМасҳи риш ё шустани он (шарҳи Чоркитоб)