|
|
|
| Зодрӯз: | 14.10.1981 |
| Зодгоҳ: | ш. Кӯлоб, Тоҷикистон |
| Касб: | овозхон |
| Сомонаи интернетӣ: | www.shabnam.tj |
Шабнами Сурайё (14 октябри 1981, Кӯлоб, Тоҷикистон) яке аз маҳбубтарин ҳунарпешаҳо дар заминаи овозхонӣ ва рақсу мусиқии попи тоҷикӣ мебошад.
Зиндагинома
Шабнами Сурайё — 14 октябри соли 1981 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Шабнам ҳамчун «тахаллуси саҳнавӣ» ба худ, ба шарафи модараш Сурайё Қосимова, «Шабнами Сурайё»—ро қабул кардааст. Модараш Сурайё Қосимова ва хоҳараш Фарзонаи Хуршед — низ аз ҳунарпешаҳои шинохта дар Тоҷикистон ҳастанд.
Ҳунарнамоӣ
Шабнамро машҳуртарин овозхони тоҷик медонанд, ки шӯҳраташ аз марзҳои Тоҷикистон гузашта ва ҳунараш дар Осиёи Миёна, Эрону Афғонистон дӯстдорони бисёре дорад. Шабнам сурудҳои тоҷикӣ, русӣ, афғонӣ ва форсиро бо мусиқиҳои замонавӣ тобиш дода месарояд, ки ҳаводоронаш аз ин ру меафзоянд. Вай сурудҳои Сурайё Қосимова, Фарҳоди Дарё, Лайлои Фуруҳар ва Аҳмад Зоҳирро низ бозхонӣ кардааст. Шабнам соли 2004 бо суруди “Ман садқаи ту”дар саҳнаи мусиқии Тоҷикистон зуҳур кард, аммо замоне номдор шуд, ки яке аз сурудҳояш «Аз кадомин сафар» дар соли 2006 беҳтарин суруди Тоҷикистон шинохта шуд.

Шабнам дар солҳои 2008—2009 бо ибтикори ширкатҳои хориҷӣ панҷ консерт дар Аврупо (Мюнхен, Лондон, Берлин, Дюселдорф), се консерт дар Канада (Монреал, Ванкувер, Торонто) ва 10 консерт дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (Ню-Йорк, Лос Анҷелес, Сан Франсиско) баргузор кардааст. Дар соли 2014 сазовори ҷоизаи беҳтарин ҳунарпешаи кишварҳои форсизабон, дар озмуни мусиқии “Big Apple Award”, дар шаҳри Ню Йорк гардид. Соли 2017 дар озмуни мусиқии “Daf BAMA Music Awards 2017” ки дар шаҳри Ҳамбурги Олмон баргузор шуд, Шабнам иштирок кард ва соҳиби ҷоиза шуд. То ба кунун албомҳои зиёдаш рӯи нашрро дидааст. Шабнам бо бархе аз овозхонони тоҷик, аз ҷумла Ҷонибек Муродов, Садриддин Наҷмиддин, Баҳром Ғафурӣ, шодравон Сӯҳроб Сафарзод, Парвина Шукруллоева ва дигарон ҳамкорӣ мекунад. Шабнам дар Эрону Афғонистон низ дӯстдорони бисёре дорад, аз он хотир, ки бархе аз сурудҳои маъруфи эрониву афғониро, аз ҷумла «Ёри сабзина», «То туро дидам», «Аз кадомин сафар» (аз Амирҷон Сабурӣ) ва «Шишта бошам» (аз Фарҳод Дарё) бозхонӣ карда бо овозхонони тоҷики афғонистонӣ Ҷовид Шариф ва Наҷиб Навобӣ ва эронии амрикоӣ Лайло Фурӯҳар сурудҳои дуовоза иҷро кардааст. Соли 2007 Созмони Миллали Муттаҳид Шабнами Сурайёро Сафири ихтиёрии СММ аз ҷониби Тоҷикистон таъин намуд, то ки барои рушди барномаи СММ доир ба мубориза зидди бемории норасоии масъунияти бадан БНМБ мусоидат намояд.
Инчунин хонед:
Маълумот дар бораи Шабнами Сурайё, Шабнами Сураё, биография, точики, зиндагии Шабнами Сурайё, шабнами сурая, шабнам сурая, шабнам сурая видео, шабнами сурае, шабнами сураев, шабнами сурае 2020, шабнами сурае мр3, биография бо забони точики, шабнами сураё биография на таджикском языке, шабнами сурайе шабнам сурайе, шабнам сурайе, шабнами сурайе скачать, шабнам сурайе скачать, шабнами сурайе mp3



