Сураи Нисо Ояти 129 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 129 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 129

وَلَنْ تَسْتَطِيعُوا أَنْ تَعْدِلُوا بَيْنَ النِّسَاءِ وَلَوْ حَرَصْتُمْ ۖ فَلَا تَمِيلُوا كُلَّ الْمَيْلِ فَتَذَرُوهَا كَالْمُعَلَّقَةِ ۚ وَإِنْ تُصْلِحُوا وَتَتَّقُوا فَإِنَّ اللَّهَ كَانَ غَفُورًا رَحِيمًا ١٢٩

Ва лан тастатиъу ан таъдилу байна-н-нисаи ва лав ҳарастум. Фа ло тамилу кулла-л-майли фа тазаруҳо ка-л-муъаллақаҳ. Ва ин туслиҳу ва таттақу фа инналлоҳа кона Ғафура-р-Раҳимо. 129.

129. Ва ҳаргиз миёни занон, агарчи дар он ҳарис бошед ҳам, наметавонед адолат кунед, пас, майл макунед бо тамоми майл, пас, он занро монанди муъаллақа (на ину на он) нагузоред. Ва агар ислоҳ кунед ва парҳезгорӣ намоед, пас ҳаройина, Аллоҳ омурзгору меҳрубон аст.

Яъне мардеро, ки зиёда аз як зан дар ихтиёри ӯст ва ӯ мехоҳад, ки дар тамоми алоқаҳои зиндагие, ки байни онҳо ҳаст, адолатро ҷорӣ созад ва ҳарчанд аз худ рағбати том нишон диҳад ҳам, аммо муҳаббати дилашро ба адолат оварда наметавонад. Зеро дил дар ихтиёри ӯ нест. Албатта муҳаббати як зан дар дили ӯ бештар ҷой мегирад.

Бинобар ин, Имом Аҳмад ва аҳли сунан аз Ҳамод бинни Саламата ва дар охир аз Оиша (раз.) дар ин хусус ривоят кардаанд, ки Оиша (раз.) гуфтанд: “Расулуллоҳ (с) байни завҷоти худ бо адолат нафақа тақсим мекарданд ва баъд мегуфтанд: “Худоё! Ҳар он чиро, ки ман соҳиби онам тақсими ман ҳамин аст, пас он чиро, ки молики он нестам, маро барои ӯ сарзаниш макун”. Яъне муҳаббати модарамон Оиша (раз.) дар дили Расулуллоҳ (с) алоҳида буд. Акнун шахсе, ки бисёрзана аст, мувофиқи шариати Ислом, дар ҳар кадом амалҳое, ки вобастаи ӯст, мисли таъмини ҷои зист, нафақа, муомила, навбат ва дигар масъалаҳо, бояд байни занҳояш одилона рафтор кунад. Аммо он чӣ, ки ба иродаи инсон вобаста нест, мисли муҳаббати як зан нисбати зани дигар, ҳарчанд ҳаракат кунад ҳам адолати дилро дуруст карда натавонад. Локин фармони Илоҳӣ он аст, ки ба яктараф, яъне ба як зан узрҷӯён чунон майл накунед, ки зани дигарро тамоман тарк карда бошед ва ӯро мисли муаллақ (на соҳиби шавҳар ва на талоқшуда) дар азоб нагузорад. Андак ҳам бошад, бояд ба ӯ ҳиссаашро расонад, то ӯ таклифи худро фаҳмад ва донад, ки ӯ соҳиби шавҳар аст. Бинобар ин, ояти мазкур ин гуна шавҳарро дар чунин масъала ба адолат таклиф намуда, фармудааст, ки агар ислоҳ кунеду адолатро пеша кунед ва аз Аллоҳ тарсида, он чи, ки ризои Аллоҳ дар он нест, тарк кунед, яқин бидонед, ки Аллоҳтаъоло омурзандаву меҳрубон аст. Ба он кӯтоҳиҳое, ки қаблан аз шумо сар зада буд, ҷазои бад намедиҳад.

Хулоса, ояти мазкур хоҳони он аст, ки чунин инсон бояд тамоми имкониятҳоеро, ки дар ихтиёр дорад, ҳамаро ба кор андохта, дар корҳои оилавии худ тақво (тарс) аз Худоро ба кор барад, одил бошад ва аз вайрон шудани оила дар ҳазар бошад. Агар дар баъзе вақтҳо ин амалҳо ҳам ба кор нараванд, мард бояд чӣ кор кунад? Ба ин савол ояти зер ҷавоб медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 128 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 130 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)