Тафсири Сураи Нисо Ояти 128 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 128
وَإِنِ امْرَأَةٌ خَافَتْ مِنْ بَعْلِهَا نُشُوزًا أَوْ إِعْرَاضًا فَلَا جُنَاحَ عَلَيْهِمَا أَنْ يُصْلِحَا بَيْنَهُمَا صُلْحًا ۚ وَالصُّلْحُ خَيْرٌ ۗ وَأُحْضِرَتِ الْأَنْفُسُ الشُّحَّ ۚ وَإِنْ تُحْسِنُوا وَتَتَّقُوا فَإِنَّ اللَّهَ كَانَ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرًا ١٢٨
Ва ин-имраатун хофат мин баълиҳо нушузан ав иърозан фа ло ҷуноҳа ъалайҳима ан юслиҳо байнаҳумо сулҳо. Ва-с-сулҳу хайр. Ва уҳзирати-л анфусу-ш-шуҳҳ. Ва ин туҳсину ва таттақу фа инналлоҳа кона би мо таъмалуна хабиро. 128.
128. Ва агар зане аз бемеҳрии шавҳари худ ё аз рӯ гардонидани ӯ хавфе дорад, пас, агар миёни худ ба навъе сулҳ кунанд, бар онҳо гуноҳе нест; ва сулҳ кори беҳтар аст. Ва нафсҳо бар бахилӣ ҳозиранд. Ва агар некӯкорӣ кунед ва парҳезгорӣ намоед, пас ҳаройина, Аллоҳ ба он чӣ мекунед, бохабар аст.
Дар оятҳои аввали сура зане, ки аз шавҳари худ нафрат дошт, ҳукму илоҷи он зикр шуд. Аммо дар ин оят акси он, яъне нафрати мард нисбати завҷаи худ муолиҷа мешавад. Албатта, бидуни сабаб занро озор додан ва моли ӯро бе ризои ӯ тасарруф намудан гуноҳ аст. Локин дар баъзе ҳолатҳо агар ризои зан ҳосил шавад, тасарруф дар моли зан гуноҳе нест. Масалан, марде зани худро ба сабаби калонсолӣ ё хунукшаклӣ ва ғайра бад мебинад ва аз ӯ майли ҷудо шудан дорад, бо баҳонаҳои ночиз, ӯро дашном ё зарб мекунад ва мехоҳад, ки бо дигар зан издивоҷ кунад ё пеши зани дувум доимо бошад. Дар чунин сурат, зани мазкур ба хотири фарзандҳо ё ба хотири ор ва номус ва барои бартараф кардани корҳое, ки сабаби низоъ байни онҳо шудааст, бо шавҳари худ барои сулҳу салоҳ гӯяд ман аз боқии маҳрам гузаштам ё ба ман ними нафақаи рӯзонаро деҳ ё барои нафақаи шабона кай хоҳӣ биё ва локин ман мехоҳам дар никоҳи ту бошам, маро талоқ мадеҳ гуфта розӣ бошаду сулҳ кунад, то аз ҳам ҷудо нашаванд, бар мард дар тасарруфи мол ҳеҷ гуноҳе нест. Бинобар ин, дар давоми оят омадааст, ки ин намуд сулҳ, беҳтарин сулҳ аст.
Хулоса, дар Ислом то ин ки оила барқарор бошад ва дилҳо ором гиранду ихтилофҳо, кашмакашҳо ва хусуматҳо бартараф шаванд, бо роҳҳои гуногун сулҳ намудан иҷозат ҳаст.
Дар давоми оят Аллоҳтаъоло хабар медиҳад, ки бухл дар нафси ҳар як зану мард, балки дар тамоми нафси инсонҳо лона дорад. Ин бухл аст, ки мардро водор месозад аз он ҳусни муоширате, ки бо завҷаи худ дошт ва аз таъмини нафақа ва аз он ҳуқуқҳое, ки байни зану шавҳар вуҷуд дошта буд, имтиноъ кунад ва саъй кунад, то ҳуқуқҳои худро бе каму кост дарёфт кунад. Ин бухл аст, ки занро водор месозад, то ба он вазифаҳое, ки бар уҳда дорад, вафо накунад ва намегузорад, ки барои сулҳ аз баъзе ҳуқуқҳои худ даргузарад. Ҳол он ки агар зан ва мард ҳақиқати бухлро донанд, мефаҳманд, ки сарчашмаи ҳамаи ихтилофҳо бухл аст. Аз ин сифати бад даст мекашанд, дар ислоҳи худ мекӯшанд ва аз ҳамдигар гузашт мекунанд ва решаи ихтилофоти оилавиро аз байн дур месозанд. Дар натиҷа, кашмакашҳои иҷтимоӣ ба охир мерасад. Дар айни ҳол, то ин ки мардон аз ин оят сӯиистифода накунанд, давоми оят онҳоро гӯшзад мекунад, ки агар мардон некӯкору парҳезгор бошанд, бояд бо зани худ муоширати хубе дошта бошанд ва аз он чӣ, ки ҷоиз нест, чун бад дидани якдигар, парҳез кунанд ва адолатро пеша созанд. Албатта, аз ҳар коре, ки шумо анҷом медиҳед, Аллоҳтаъоло огоҳ аст ва шуморо дар ивази он подоши арзанда медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «