Тафсири Сураи Нисо Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 14
وَمَنْ يَعْصِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَيَتَعَدَّ حُدُودَهُ يُدْخِلْهُ نَارًا خَالِدًا فِيهَا وَلَهُ عَذَابٌ مُهِينٌ ١٤
Ва ма-н яъсиллоҳа ва расулаҳу ва ятаъадда ҳудудаҳу юдхилҳу норан холидан фиҳо ва лаҳу ъазобу-м муҳин. 14.
14. Ва ҳар кас Аллоҳ ва расули Ӯро нофармонӣ кунад ва сарҳадҳои муайянкардаи Ӯро таҷовуз кунад, ӯро ба оташ дарорад, дар он ҷо ҷовидон монад ва азоби хоркунанда барои ӯ муҳайё бошад.
Тамоми ҳукмҳое, ки дар оятҳои собиқ зикр шуд, чӣ аз ҳуқуқи ятимон, чӣ васияту мерос, мақоми меросхӯрон ва ғайра, ин ҳама сарҳаду марзҳои Аллоҳтаъоло буд. Ҳар касе аз ин марзҳо таҷовуз кунад, гунаҳкор ва муҷрим шинохта мешавад. Ва ҳар касе Аллоҳ ва пайғамбари Ӯ (с)-ро итоат кунад ва марзҳои нишондодаи Аллоҳро эҳтиром гузошта таҷовуз накунад, Аллоҳтаъоло дар боғҳои Биҳишт, ки аз зери дарахтони он наҳрҳо ҷориянд, ба таври ҷовидон дохилаш мекунад. Ин растагорӣ ва пирӯзӣ ва комёбии бузургест барои онҳо. Аммо касоне, ки нофармонии Аллоҳ ва Пайғамбар (с)-ро кунанд ва аз сарҳаду марзҳои муайянкардаи Аллоҳ таҷовуз кунанд, яъне оятҳои Аллоҳро инкору, ҳукмҳои Аллоҳро зери по гузоранд, ширк оранду ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон наоранд, дар оташи Ҷаҳаннам ҷовидон монанд. Аммо шахсоне, ки имон доранду гуноҳи кабира мекунанд, локин бо имону бо тавба мераванд, дар оташи Ҷаҳаннам абадӣ намемонанд.
Аллоҳтаъоло ҷамоаи исломиро дар оятҳои баъдӣ, ба дурӣ ҷустан аз амалҳои нопоки замони ҷоҳилият аз он ҷумла аз корҳои фаҳш дастур медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «