Тафсири Сураи Нисо Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 16
وَاللَّذَانِ يَأْتِيَانِهَا مِنْكُمْ فَآذُوهُمَا ۖ فَإِنْ تَابَا وَأَصْلَحَا فَأَعْرِضُوا عَنْهُمَا ۗ إِنَّ اللَّهَ كَانَ تَوَّابًا رَحِيمًا ١٦
Ва-л-лазони яътийониҳо минкум фа озуҳумо фа ин тобо ва аслаҳо фа аъризу ъанҳумо. Инналлоҳа кона таввоба-р-Раҳимо. 16.
16. Ва он ду кас (никоҳ нодидаҳо)-е аз шумо бадкорӣ карданд, ба он ду изо (озор) расонед. Пас, агар онҳо тавба карданд ва худро ислоҳ намуданд, пас, аз (изо расонидани) онҳо даст бардоред. Ҳаройина, Аллоҳ тавбапазиру меҳрубон аст.
Муфассирони олиқадр мазмуни ояти мазкурро барои ду гурӯҳ медонанд, фикри ҳар кадоми онҳо қобили қабул аст, зеро ҳарду маъно бо ҳам муқобил нестанд. Баъзе аз онҳо тарҷумаи ин оятро барои ду марде, ки бо ҳам ливота кардаанд медонанд, баъзе аз онҳо барои марду зане, ки бо ҳам зино кардаанд, донистаанд. Ба ҳар тақдир, ҳукми ин оят то омадани ояте барои ҷазои зиногарҳо муваққатан амал мекард, чун ояти ҳад нозил шуд, ҳукми ояти мазкур мансух (аз амал манъ) шуд. Исломи азиз барои ҷамъияти мусалмононро тоза нигоҳ доштан чораҳои ҷиддӣ андешидааст. Яъне хоҳ ду мард бо ҳам ливота кунанд, хоҳ марди бегона бо зани бегона зино кунад, мефармояд, ки онҳоро бо задану сарзаниш ҷазо диҳед! Оре, ин ҳама бо иҷозати қозӣ ё сардори мусулонони он макон анҷом мегирад. Пас, агар онҳо аз кори худ пушаймон шаванд, тавба кунанду ба салоҳ биёянд, аз озор расонидани онҳо даст бардоред, зеро Аллоҳтаъоло, албатта, тавбапазири бандагони худ буда, барои онҳо бисёр меҳрубон аст. Аҷаб нест, тавбаи ин дуро қабул кунад.
Ояти зер, ин маъниро баён мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «