Тафсири Сураи Нисо Ояти 165 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 165
رُسُلًا مُبَشِّرِينَ وَمُنْذِرِينَ لِئَلَّا يَكُونَ لِلنَّاسِ عَلَى اللَّهِ حُجَّةٌ بَعْدَ الرُّسُلِ ۚ وَكَانَ اللَّهُ عَزِيزًا حَكِيمًا ١٦٥
Русула-м мубашширина ва мунзирина ли алло якуна ли-н-носи ъалаллоҳи ҳуҷҷатун баъда-р-русул. Ва коналлоҳу Ъазизан ҳакимо. 165.
165. Пайғамбаронро муждадиҳанда ва тарсонанда фиристодем, то мардумро бар Худованд, баъди фиристодани пайғамбарон ҳуҷҷате набошад. Ва Аллоҳ ғолибу боҳикмат аст.
Аллоҳтаъоло фарзанди инсонро ақл дод, то некро аз бад ва сафедро аз сиёҳ чудо созанд. Агар Аллоҳтаъоло бо туфайли додани ақл аз инсон пурсад, ки чаро ақли худро кор нафармудӣ ва чаро ибодати маро накардӣ, ҳақ дорад. Акнун, ки ақл дар расонидани инсон ба манзили бахт ноқис аст, Худованди таъоло бо меҳрубонии Худ, то ин ки ёфтани роҳи хушбахтии дунё ва охират барои онҳо осон шавад, пайғамбарон ва китобҳои худро пайи ҳам фиристод, то онҳо муъминонро башорат ба Ҷаннат диҳанд ва кофиронро аз Ҷаҳаннам битарсонанд. Баъди фиристодани онҳо, дигар ҳеч узре ва ҳеҷ ҳуҷҷате боқӣ намонд ва чун азобро бинанд, гуфта натавонанд, ки ай Аллоҳ, агар пайғамбарони худро мефиристодӣ, мо ба ӯ имон меовардем, тобеи ӯ мешудем, ибодати Туро мекардем. Чунин мазмун дар сураи “То Ҳо” ояти 134-ум, иншоаллоҳ, меояд. Ба ҳар тақдир, Худованд дар тасарруфи мулки Худ ва дар муҷозот додани мункирон ғолибу тавоност ва ҳар чи ки мекунад, ҳикмати Ӯст.
Дар оятҳои баъдӣ, Аллоҳтаъоло пайғамбари худ Муҳаммад (с)-ро тасаллӣ дода, мефармояд, ки агар аҳли китоб пайғамбарии туро инкор кунанд ҳам, аҳамият надеҳ, бигзор онҳо инкор кунанд, шоҳидии Аллоҳ барои ту кифоя аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «