Сураи Нисо Ояти 166 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 166 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 166

لَٰكِنِ اللَّهُ يَشْهَدُ بِمَا أَنْزَلَ إِلَيْكَ ۖ أَنْزَلَهُ بِعِلْمِهِ ۖ وَالْمَلَائِكَةُ يَشْهَدُونَ ۚ وَكَفَىٰ بِاللَّهِ شَهِيدًا ١٦٦

Локиниллоҳу яшҳаду би ма анзала илайк. Анзалаҳу би ъилмиҳ. Ва-л-малаикату яшҳадун. Ва кафо биллоҳи шаҳидо. 166.

166. Лекин Аллоҳ ба он чӣ ба сӯйи ту фурӯ фиристодааст, гувоҳӣ медиҳад, ки онро ба илми Худ фурӯ фиристодааст ва фариштагон (низ) гувоҳӣ медиҳанд ва Аллоҳ аз рӯи гувоҳӣ додан басандааст.

Ибни Исҳоқ сабаби нузули ин оятро аз Ибни Аббос (р) чунин ривоят мекунад: “Гурӯҳе аз яҳудиён назди Расулуллоҳ (с) омаданд, Расулуллоҳ (с) ба онҳо гуфтанд: “Ба Худо қасам. Шумо хуб медонед, ки ман Расули Аллоҳам!” Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: “Мо ба ин кори ту илме надорем ва огоҳ ҳам нестем ва гувоҳӣ ҳам дода наметавонем, ки ту пайғамбарӣ!”. Ин сабаб буд, ки ояти мазкур нозил шуд, Аллоҳтаъоло дар он фармуд, ки бигзор онҳо ба пайғамбарии ту ва ба он чи барои ту нозил шудааст, (яъне ба Қуръон) гувоҳи надиҳанду худро ба нодонӣ зананд. Аллоҳ худаш шоҳидӣ медиҳад, ки ту пайғамбари барҳақ ҳастӣ, ки барои ту ваҳю Қуръони азимро бо илми хоси Худ нозил кардааст. Қуръон чунон китобест, ки аз он ягон кори ботиле сар намезанад. Зеро иродаи Ӯ таъоло ин аст, ки мардум он чиро, ки дар Он навишта шудааст мутолиа кунанду фаҳманд, ки розигии Аллоҳ дар чист, чиро дӯст медораду чиро бад мебинад ва чиро намехоҳад ва ғайра. Оё аз шоҳидӣ додани Аллоҳ шоҳидии болотаре ҳаст? Ҳаргиз! Дар ҳақиқат Аллоҳтаъоло Қуръонро бо илми хосе нозил кардааст, ки дигарон аз чунин кор оҷизанд ва ҳеҷ кас ба ғайри Аллоҳ ин илми хосро соҳиб нест. Фариштагон ҳам шоҳидӣ медиҳанд. Агар як гурӯҳи мардум гувоҳӣ надиҳанд, асло надиҳанд. Гувоҳии Аллоҳтаъоло барои барҳаққ будани пайғамбарии ту, кифоя аст.

Акнун ҳоли касоне, ки ба шоҳидӣ додани Аллоҳ ва фариштагон зиддият нишон медиҳанд, дар ояти зер баён мешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 165 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 167 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)