Сураи Нисо Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 30

وَمَنْ يَفْعَلْ ذَٰلِكَ عُدْوَانًا وَظُلْمًا فَسَوْفَ نُصْلِيهِ نَارًا ۚ وَكَانَ ذَٰلِكَ عَلَى اللَّهِ يَسِيرًا ٣٠

Ва ма-н-яфъал золика ъудвона-в ва зулман фа савфа нуслиҳи норо. Ва кона золика ъалаллоҳи ясиро. 30.

30. Ва ҳар кӣ аз рӯи таҷовуз ва ситам ин корро кунад, пас, ба зудӣ ӯро дар оташ бияфканем ва ин кор бар Аллоҳ осон аст.

Дар ин оят ҷазои касе, ки аз қонунҳои Аллоҳ сар печида, аз ҳад таҷовуз мекунад, баён шудааст, ки ҳар инсоне аз рӯи зулму ситам ба чунин амалҳои нодуруст даст занад, яъне чунонеки дар ояти қаблӣ гузашт, моли мардумро бо роҳи ботил ва ноҳақ хурад ё худро ё дигареро қатл кунад, ё рибо хурад ё ришва хурад ё диҳад умуман гуноҳи кабираеро содир кунад, ба зудӣ дохили оташи Ҷаҳаннам мегардад. Иҷрои чунин кор барои Аллоҳтаъоло ҳеҷ мушкиле надорад ва Ӯ таъолоро ҳеҷ чиз наметавонад аз ҳукми одилонааш бозгардонад. Аммо шахсоне, ки аз рӯи ҷаҳолат даст ба чунин гуноҳҳо заданд, ба гуноҳи худ иқрору пушаймон шуда, назди Аллоҳтаъоло чунон тавбае кунанд, ки бори дигар ин гуноҳро накунанд, чунонеки ояти зер фармудааст, Аллоҳтаъоло аз гуноҳи чунин шахсон мегузарад. Зеро қудрати Аллоҳтаъоло бе андоза буда, раҳмату шафқати Ӯ низ бепоён аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)