Сураи Нисо Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 29

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَأْكُلُوا أَمْوَالَكُمْ بَيْنَكُمْ بِالْبَاطِلِ إِلَّا أَنْ تَكُونَ تِجَارَةً عَنْ تَرَاضٍ مِنْكُمْ ۚ وَلَا تَقْتُلُوا أَنْفُسَكُمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ كَانَ بِكُمْ رَحِيمًا ٢٩

Йа айюҳа-л лазина оману ло таъкулу амволакум байнакум би-л-ботили илла ан такуна тиҷоратан ъан тарози-м минкум. Ва ло тақтулу анфусакум. Инналлоҳа кона бикум Раҳимо. 29.

29. Эй касоне ки имон овардаед, молҳои хешро дар байни худ ба ноҳақ махӯред, магар ин ки он доду ситади тиҷорат бо ризогии якдигари аз шумо бошад! Ва хештан (ҳамдигар)- ро макушед. Ҳаройина, Аллоҳ ба шумо меҳрубон аст.

Дар воқеъ, ояти мазкур барои қонунҳои шаръӣ як зербинои асосиест, ки аксари муфассирон ва аҳли фиқҳ дар тамоми бобҳои муомилот инро ба кор мебаранд. Яъне Аллоҳтаъоло зимни ин оят фармудааст, ки ай муъминон, молҳоятонро байни худ ба ноҳақ, бо он роҳҳое, ки дар шариат мубоҳ нестанд, мисли дуздӣ, хиёнат, зӯроварӣ, қимор, рибо (просент), порахӯрӣ, фиреббозӣ, нархҳоро бозӣ дорондан, умуман бо роҳҳои ботилу нописанд, тасарруф накунеду нахӯред! Чунин мазмун дар ояти 188-уми сураи “Бақара” гузашт ва дар ояти 116-уми ҳамин сура иншоаллоҳ, бори дигар мегузарад. Бо истисно дар давоми оят омадааст, ки магар додугирифт ва хариду фурӯши шумо бо роҳи тиҷорате бошад, ки аз он зоҳирану ботинан аз ҳамдигар розӣ бошед. Дар чунин ҳолат ҳалол аст ва метавонед, ки моли бо ҳам иваз кардаро тасарруф кунеду хӯред.

Дар ҷумлаи баъдӣ фармудааст, ки худкушӣ накунед. Муфассирони олиқадр ба калимаи худкушӣ якчанд маъно додаанд. Аз он ҷумла, Худованди меҳрубон розӣ нест, ки шахси бегуноҳ кушта шавад, худро ба дасти худ ё бо содир кардани ҷиноят ё бе ҷиноят ба қатл расонад ё тобеи ҳавою-ҳавас шуда, моли касеро бо роҳи зулм аз дасти соҳибаш ситонад. Зеро чунин амалҳо ба худкушӣ баробар аст. Худованд, ки нисбати бандагони худ бисёр раҳмхор аст, бандагони худро бо ин гуна оятҳо ҳушдор медиҳад, ки ай мардум, молҳоятонро бо ҳамдигар бо роҳи ботил бадал накунед, ва бо ин амал ҷомеаро ба нобудсозии маънавию ахлоқӣ накашед. Зеро сабаби суқути тамоми ҷомеа, чунонеки инқилобҳо нишон додаанд, аз ҳамин роҳҳои ботил сар задааст.

Дар ҳадиси шариф омадааст, ки ҳар касе худро бо корде ё бо оҳане бикушад, рӯзи қиёмат кордаш дар дасти ӯст, шиками худро дар оташи Ҷаҳаннам бо он медарад ва дар он ҷовидон мемонад. Ва ҳар касе худро бо василаи заҳр кушта бошад, рӯзи қиёмат заҳри вай дар дасти вай асту (дар оташи Ҷаҳаннам) ҷуръа-ҷуръа менӯшад ва дар он ҷовидон мемонад. Ва ҳар касе худро аз кӯҳе фурӯ афканад ва бикушад, ӯ дар оташи Ҷаҳаннам фурӯафканда шавад, дар он ҷовидон бимонад.

Ояти зер давоми ояти қаблӣ буда, ҷазои чунин шахсони таҷовузгарро баён мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)