Сураи Нисо Ояти 66 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 66 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 66

وَلَوْ أَنَّا كَتَبْنَا عَلَيْهِمْ أَنِ اقْتُلُوا أَنْفُسَكُمْ أَوِ اخْرُجُوا مِنْ دِيَارِكُمْ مَا فَعَلُوهُ إِلَّا قَلِيلٌ مِنْهُمْ ۖ وَلَوْ أَنَّهُمْ فَعَلُوا مَا يُوعَظُونَ بِهِ لَكَانَ خَيْرًا لَهُمْ وَأَشَدَّ تَثْبِيتًا ٦٦

Ва лав анно катабно ъалайҳим аниқтулу анфусакум ав-ихруҷу мин дийорикум-м мо фаъалуҳу илло қалилу-м минҳум. Ва лав аннаҳум фаъалу мо йуъазуна биҳи лакона хайра-л-лаҳум ва ашадда тасбито. 66.

66. Ва агар Мо бар онҳо менавиштем (фарз мегардонидем), ки худро бикушед ё аз ватанҳои худ берун шавед, онро намекарданд, магар андаке аз онҳо. Ва агар онҳо чизеро, ки ба он панд дода мешаванд, мекарданд, ҳаройина, барои онҳо беҳтар ва дар дин устувортару муҳкамтар мебуд.

Аз таъкиди оятҳои гузашта маълум шуд, ки барои мардуми кадом замон ва маконе Аллоҳтаъоло дини Исломро ихтиёр карда бошад, некбахтии дунё ва охирати мардуми он минтақа аст. Аз ҳамин ҷиҳат, ҳукмҳои исломӣ дар ҳар замону макон ба ҳама инсонҳо росту дуруст меоянд. Зеро ҳукмҳои исломӣ инсонро аз тоқат зиёд ба коре таклиф намекунад ва ҳаргиз намегузоранд, ки инсон аз роҳи ҳидоят қадам берун гузорад. Бинобар ин, оятҳои мазкурро баъзе муфассирон такмили маъноҳое, ки зимни оятҳои қаблӣ гузашт, медонанд. Яъне касонеро, ки аз довариҳои Расулуллоҳ (с) эҳсоси нороҳатӣ кардаанд, аз баъзе таклифҳои тоқатфарсое, ки бар сари умматҳои гузашта ба сабаби гӯсола парастиашон омада буд хотиррасон намуда ҳушдор медиҳад, ки агар мо ин амри мушкилро бар дӯши онҳо фарз гардонида мегуфтем, ки шумо ҳам мисли онҳо ҳамдигарро кушед, ё худкушӣ кунед, ё аз ватани худ хориҷ шавед, онҳо чӣ гуна ҳамаи ин таклифро иҷро мекарданд? Агар ин амр ба ҳукми иҷро медаромад, мусалламаст, ки ба ғайри иддаи каме, аксари онҳо бардошт карда натавониста рӯ метофтанду расвои даргоҳи илоҳӣ мешуданд. Шахсоне, ки ҳоло ҳам ба фармоишоти сабуки Пайғамбари Аллоҳ (с) таслим нестанд, чигуна метавонанд аз ӯҳдаи ин гуна озмоишҳои вазнин бароянд? Локин дунё холӣ нест, чун ояти мазкур нозил шуд, баъзе саҳобагоне, ки бо ишораи Расулуллоҳ (с) имонашон мисли кӯҳ устувор буд, гуфтанд: “Агар Аллоҳ ин гуна таклифҳоро фармояд, мо ҳозир ҳастем, ки иҷро кунем”. Локин, алҳамдулиллоҳ, бар мо умматон ба ҷои истиғфор ин амри машаққат таклиф нашуд. Локин, давоми ояти мазкур шарт гузоштааст, ки агар онҳо амрҳои Аллоҳ ва Расули Ӯ (с)-ро пазиранду итоат кунанд, барои онҳо аз нифоқ дида судовару беҳтар буд ва боиси устуворӣ ва тақвияти имони онҳо мешуд. Дар ояти зер, фоидаи таслиму итоате, ки дар баробари Аллоҳ ва Расули Аллоҳ мешавад, бо севвумин фоида баён мешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 65 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 67 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)