Тафсири Сураи Нисо Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 8
وَإِذَا حَضَرَ الْقِسْمَةَ أُولُو الْقُرْبَىٰ وَالْيَتَامَىٰ وَالْمَسَاكِينُ فَارْزُقُوهُمْ مِنْهُ وَقُولُوا لَهُمْ قَوْلًا مَعْرُوفًا ٨
Ва изо ҳазара-л қисмата улу-л-қурбо ва-л-ятомо ва-л-масокину фарзуқуҳум-м минҳу ва қулу лаҳум қавла-м маъруфо. 8.
8. Ва чун дар вақти қисмати мерос хешовандон, ятимон ва бенавоён (-и ғайри меросбаранда) ҳозир шаванд, пас онҳоро чизе аз он ризқ бидиҳед ва барои онҳо сухани писандида бигӯед.
Чун меросхӯрон барои тақсими моли мерос маҷлис ташкил кунанд, агар рафту баъзе хешон ё ятимон ё мискину бенавои ғайри меросхӯр он ҷо ҳозир шаванд, аз баҳри савоб онҳоро ҳам хушку холӣ нагуселонед. Балки онҳоро таъом диҳед, то ин ки онҳо нороҳат нашаванд, риштаи хешу табориро гусаста накунанд, андаке ҳам бошад, аз ҳиссаи худ ба онҳо диҳед. Агар меросбарҳо ятиму хурдсолон бошанд, ба ҳаққи онҳо даст нарасонда, ба онҳо гӯянд, ки узр, ин молҳои ятимон аст, падари ӯ васияте барои шумо накардааст ва ҳоказо.
Хулоса, ба онҳо суханҳои нарму мулоим гӯед, то онҳо наранҷанд. Албатта, чунин суханҳои нарму ширин барои кохи муҳаббату инсонгариро устувор нигоҳ доштан, хуб аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «