Сураи Нисо Ояти 89 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 89 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 89

وَدُّوا لَوْ تَكْفُرُونَ كَمَا كَفَرُوا فَتَكُونُونَ سَوَاءً ۖ فَلَا تَتَّخِذُوا مِنْهُمْ أَوْلِيَاءَ حَتَّىٰ يُهَاجِرُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۚ فَإِنْ تَوَلَّوْا فَخُذُوهُمْ وَاقْتُلُوهُمْ حَيْثُ وَجَدْتُمُوهُمْ ۖ وَلَا تَتَّخِذُوا مِنْهُمْ وَلِيًّا وَلَا نَصِيرًا ٨٩

Вадду лав такфуруна камо кафару фа такунуна савао. Фа ло таттахизу минҳум авлийаа ҳатто юҳоҷиру фи сабилиллоҳ. Фа ин таваллав фа хузуҳум вақтулуҳум ҳайсу ваҷаттумуҳум. Ва ло таттахизу минҳум валийя-в ва ло насиро. 89.

89. Мехоҳанд (орзу доранд), ки шумо ҳам, чуноне ки онҳо кофир шудаанд, кофир шаведу шумо ба онҳо баробар бошед. Пас, аз онҳо ҳеҷ касро дӯст магиред, то ҳангоме ки дар роҳи Аллоҳ ҳиҷрат кунанд. Ва агар рӯй гардонанд, пас, ҳар ҷо, ки онҳоро биёбед, бигиред ва ҳалок кунед. Ва касеро аз онҳо дӯст ва мададгор нагиред,

Умуман, мунофиқон хоҳ дохилӣ бошанд, хоҳ хориҷӣ, ба расвогии худ кифоя накарда, дар орзуи он ҳастанд, ки мусалмононро аз роҳи ҳидоят зананду ҳамонгунае ки худашон кофир шуданд, онҳоро низ баробари худашон кофир созанд. Локин чуноне аз мазмуни ин оят маълум мешавад, муомила бо мунофиқони дохилӣ, тавре Расулуллоҳ (с) ба зоҳирашон ҳукм мекарданд, дигарасту муносибат ба мунофиқони хориҷӣ дигартару шадидтар. Масалан, давоми оят мефармояд, ки зинҳор аз миёни онҳо барои худ, (то он ки онҳо дар роҳи ризои Аллоҳ, аз ватани худ ба назди шумо ҳиҷрат накунанд ва изҳори ақидаи асил накунанд), дӯст ихтиёр накунед. Ва барои ҳеҷ каси аз онҳо ёру пуштибон ҳам набошед! Яъне шахсе, ки барои дину диёнати худ, аҳлу оила, ватан, мансаб ва дигар алоқаҳои иҷтимоии худро тарк накунад, Исломи ӯ ҷосусона буда, ӯро дӯст ҳисобидан бармаҳал аст. Ё шахсоне ҳамчу ҷосус ба Мадина омаданду изҳори Ислом намуданд ва ҳатто намоз хонданд, рӯза доштанд, хулоса, амалҳои зоҳириро ба ҷо оварданд, локин баъди чанд рӯз боз ба дорулҳарб бо ихтиёри худ баргаштанду бо душманони Ислом ҳамкорӣ карданд. Ҳукми чунин шахсонро ояти карима фармудааст, ки чун онҳоро, чи дар роҳ ва чи дар Макка, (яъне хоҳ дар Ҳил бошад ё дар Ҳарам), агар дастгир намудед, ба асорат гиред, агар лозим бошад, ба қатл расонед! Аз чунин шахсон на дар умури давлатдорӣ ёрӣ пурсед ва на ба онҳо ёрӣ диҳед. Зеро онҳо мунофиқанд, зараре, ки мунофиқон ба мусалмонҳо мерасонанд, кофирони оддӣ расонида наметавонанд. Мунофиқон дар зери пардаи исломии худ метавонанд чунин зарбаҳое ба Ислом зананд, ки ҳеҷ душман бар он қодир нест. Аз инҷост, ки ояти мазкур ҳатто эъдоми онҳоро иҷозат фармудааст. Аммо ҳукми эъдом аз мунофиқони дохилӣ, ки бо душманони Ислом ҳамкорӣ надоранд, ба зоҳирашон нигариста соқит аст. Валлоҳу аълам.

Дар ояти зер ҳукм ва истиснои баъзе мунофиқони хориҷӣ баён мешавад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 88 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 90 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)