Матни муқаддима
Ноқаро аз санги хоро баркашид…
Шарҳи матн
1-Аллоҳи сазовори сипосу ситоиш ва воҷибулпарастиш бо камоли илму қудраташ метавонад аз нобудӣ ва нестӣ ё аз як мавҷуди беҷон офаридааш мавҷуди дигари зиндаву ҷондорро биофарад.
2-Аллоҳ таъоло барои пайғамбараш Солеҳ (а) аз санги беҷон ноқа, яъне шутури модаи ҷондорро офаридааст.
Далелҳои матн
1-Насаби ҳазрати Солеҳ (а). Солеҳ ибни Убайд ибни Асаф ибни Мошиҷ ибни Убайд ибни Ходир ибни Самуд ибни Обир ибни Ирам ибни Сом ибни Нӯҳ ибни Ломак ибни Мутавашлиҳ ибни Хунух (Идрис) ибни Муҳлайл ибни Қанаъон ибни Шис ибни Одам (а) аст.
2-Қавми Солеҳ (а). Номи қавми ҳазрати Солеҳ Самуд аст ва самудиҳо аз насли Самуд ибни Обир ибни Ирам ибни Сом ибни Нӯҳ (а) мебошанд.
3-Даъвати ҳазрати Солеҳ (а). Даъвати Солеҳ (а)-ро барои тарки бутпарастӣ ва рӯ овардан ба тавҳид ва яктопарастӣ шумораи андаки заъифон ва фақирони самудиҳо пазируфтаанд ва аксари қавм тобеъи бузургони ҷоҳилашон буданд ва бо дастури онҳо дар дини ширки бобояшон собит мондаанд. Илова бар ин аз ҳазрати Солеҳ талаб карданд, ки агар пайғамбари барҳақ аст барояшон ҳамчун муъҷиза аз фалон санг шутури модаеро берун оранд, то он муъҷизаро мушоҳида бикунанд ва имон биоранд.
Аммо ҳангоме ҳазрати Солеҳ дуо кард ва Аллоҳ таоло бо камоли қудраташ шутуреро аз санг берун овард ва шутур бача таваллуд кард, самудиҳо ваъдахилофӣ карданд ва имон наоварданд ва илова бар ин даст ба ҷиноят заданд ва кореро бояд намекарданд анҷом доданд, яъне шутурро, ки муъҷизаи Солеҳ (а) буд бикуштанд. Дар натиҷа Аллоҳ субҳонаҳу ва таолоро дар ғазаб оварданд ва онҳоро ҳалок кард.
4-Кайфияти ҳалокати қавми Самуд. Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло бо як садои сахти мисли раъду барқ дилҳои онҳоро дар дохили ҷасадашон пора кард ва ҳамагӣ ба зону заданд ва ҳалок шуданд. Дар Қуръони карим дар оятҳои 64-68 сураи “Ҳуд” Аллоҳ таоло чунин хабар додааст:
{وَيَا قَوْمِ هَذِهِ نَاقَةُ اللَّهِ لَكُمْ آيَةً فَذَرُوهَا تَأْكُلْ فِي أَرْضِ اللَّهِ وَلَا تَمَسُّوهَا بِسُوءٍ فَيَأْخُذَكُمْ عَذَابٌ قَرِيبٌ . فَعَقَرُوهَا فَقَالَ تَمَتَّعُوا فِي دَارِكُمْ ثَلَاثَةَ أَيَّامٍ ذَلِكَ وَعْدٌ غَيْرُ مَكْذُوبٍ . فَلَمَّا جَاءَ أَمْرُنَا نَجَّيْنَا صَالِحًا وَالَّذِينَ آمَنُوا مَعَهُ بِرَحْمَةٍ مِنَّا وَمِنْ خِزْيِ يَوْمِئِذٍ إِنَّ رَبَّكَ هُوَ الْقَوِيُّ الْعَزِيزُ. وَأَخَذَ الَّذِينَ ظَلَمُوا الصَّيْحَةُ فَأَصْبَحُوا فِي دِيَارِهِمْ جَاثِمِينَ . كَأَنْ لَمْ يَغْنَوْا فِيهَا أَلَا إِنَّ ثَمُودَ كَفَرُوا رَبَّهُمْ أَلَا بُعْدًا لِثَمُودَ} (هود : 64 – 68)
“Гуфт Солеҳ: Эй қавми ман! Ин шутури мода аз ҷониби Аллоҳ ҳамчун муъҷизаест барои шумо. Пас бигузоредаш то дар замини Аллоҳ бичарад ва ҳеҷ осебе ба ӯ нарасонед, ки азоби наздик шуморо мегирад.
Ҳангоме шутурро бикуштанд Солеҳ гуфт: Се рӯз дар хонаҳои худ роҳат бикунед ва ин ваъдаест, ки дар он барои дурӯғ роҳе нест. Пас чун вақти ваъдаи мо фаро расид Солеҳ ва касони ҳамроҳи ӯ имон овардаро бо раҳмати хеш наҷот додем ва аз расвоии он рӯз раҳонидем, Парвардигори ту тавонои пирӯз аст. Бонги садои маргборе ситамгаронро фаро гирифт ва дар хонаҳои худ аз пой афтиданд, гӯё ки ҳаргиз дар он сарзамин вуҷуд надоштаанд.
Огоҳ бошед, ки самудиҳо ба парвардигорашон кофир шуданд! Огоҳ бошед, ки нафрин бар Самуд бод”.


