Чун иноят қодири қайюм кард, Бар кафи Довуд оҳан мӯм кард.

0

Чун иноят кодири кайюм кард, Бар кафи Довуд охан мум кард. Шарҳи Чоркитоб.


Матни муқаддима

Чун иноят қодири қайюм кард,
Бар кафи Довуд оҳан мӯм кард.


Шарҳи матн

1-Аллоҳи сазовори ҳамду сано ва воҷубулибодат ва қодиру қайюм, яъне ҳамеша пойдор ҳангоме иноят ва таваҷҷуҳ ба бандае аз бандагонаш бикунад ба вай ончуноне қудрат ва тавоноиеро медиҳад, ки дигарон аз доштани он оҷизу нотавонанд.

2-Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло ба ҳазрати Довуд иноят кард ва барояш чунин муъҷиза дода буд, ки чун оҳанро ба даст мегирифт мисли мум нарму мулоим мешуд ва аз он ҷавшану силоҳи ҷанг месохт.


Шарҳи матн

1-Насаби ҳазрати Довуд. Довуд ибни Биши ибни Ғуфил ибни Юъаз ибни Салмун ибни Маҷшун ибни Инорот ибни Радам ибни Ҳазрун ибни Ёриз ибни Яҳудо ибни Яъқуб ибни Исҳоқ ибни Иброҳим ибни Озар, яъне Ториҳ ибни Ноҳур  ибни Арғӯ ибни Сориҳ ибни Фолиҳ ибни Обир ибни Шолиҳ ибни Арфахшад ибни Сом ибни Нӯҳ ибни Ломак ибни Мутавашлиҳ ибни Хунух (Идрис) ибни Муҳлайл ибни Қанаъон ибни Шис ибни Одам алайҳимуссалом аст.

Мутобиқи ривоятҳои аҳли китоб аз пайғамбарони Бани Исроил ҳазрати Мусо ва Ҳорун аз насли Ловӣ ибни Яъқуб ва ҳазрати Юшаъ ибни Нун аз насли ҳазрати Юсуф ибни Яъқуб ва ҳазрати Довуд, Сулаймон ва ҳазрати Исо аз тарафи модарияш аз насли Яҳудо ибни Яъқуб алайҳимуссалом мебошанд. Чуноне медонем ҳазрати Одам ба сабаби аз хок пайдо шуданаш нисбати падару модарӣ надорад ва ҳазрати Исо ба сабаби бо дамидани рӯҳ дар бадани модараш пайдо шуданаш нисбати падарӣ надорад ва ӯро Исо ибни Марям мегӯянд ва нисбат ба модараш дода мешавад.

2-Касби ҳазрати Довуд.  Ҳазрати Довуд замоне подшоҳи Бани Исроил шуданаш пинҳонӣ либоси ғарибонро мепушид ва дар дохили мамлакаташ сайр мекард ва мардумро аз адолати подшоҳашон савол мекард. Мардум, ки бо чунин либос вайро намешинохтанд ҳақиқатро мегуфтанд ва ҳазрати Довуд бо ин роҳ аз ҳоли онҳо хабардор мешуд ва умури кишварро ислоҳ месохт ва ба дарди муҳтоҷон мерасид.

Дар ин асно рӯзе Аллоҳ таоло фариштаеро дастур дод, то бо либоси фақирӣ зоҳир шавад ва ба роҳаш барояд. Ҳазрати Довуд ҳангоме фариштаро бо чунин либос бидид, нашинохт ва тибқи одаташ аз ҳоли подшоҳ саволаш кард. Он марди фақир гуфт, ки подшоҳамон марди хӯбест, вале аз байтулмол нафақаи хонаводаашро медиҳад.

Баъди шунидани ин сухан ҳазрати Довуд дуо кард, то Аллоҳ таоло барояш касберо муяссар бисозад, ки аз тариқи он нафақаи хонаводаашро таъмин бикунад. Аллоҳ таоло барояш оҳани сахтро  мум ва мулоим гардонид, ки аз он ҷавшан ва дигар олатҳо месохт ва мефурухт ва нафақаи хонаводаашро таъмин мекард.

Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

{مَا أَكَلَ أَحَدٌ طَعَامًا قَطُّ خَيْرًا مِنْ أَنْ يَأْكُلَ مِنْ عَمَلِ يَدِهِ وَإِنَّ نَبِيَّ اللَّهِ دَاوُدَ عَلَيْهِ السَّلَام كَانَ يَأْكُلُ مِنْ عَمَلِ يَدِهِ} ( رواه والبخاري- 4/380/ 2072 عَنِ المِقْدَامِ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ )   

“Хеҷ касе беҳтар аз таъоми аз обилаи кафи дасташ хурда, таъоми хӯбатар нахӯрдааст. Ҳамоно пайғамбари Аллоҳ Довуд (а) аз амали дасташ мехурд”.

3-Пайғамбарӣ ва подшоҳӣ. Мутобиқи ривоятҳои аҳли китоб ҳазрати Мусо қабл аз вафтоташ Юшаъ ибни Нунро подшоҳи Бани Исроил таъин кард  ва таҳти сарварии ҳазрати Юшаъ Бани Исроил ҷангиданд ва як қисмати аз Фаластинро ба даст дароварданд ва дар онҷо мустақар шуданд. Ҳазрати Юшаъ баъди 28 сол сарварӣ дар сини  120 солагӣ вафот кард ва баъди вай чанд подшоҳи дигаре дар Бани Исрои яке баъди дигаре подшоҳӣ карданд, то ки  даврони подшоҳии Толут ибни Қайс аз насли Бинёмин ибни Яъқуб бародари ҳамтани ҳазрати Юсуф фаро расид.

Дар даврони ҳокимияти Толут ҳазрати Довуд сӣ сола буданд ва дар сафи лашкари вай қарор  доштан ва дар муборизаи тан ба тан ҳазрати Довуд яке аз сарсахттарин ва қудратманттарин душманонашон Ҷолути Канъониро ба қатл расонид. Дере нагузашта баъди ин воқеъа Толут кушта мешавад ва дар байни Бани Исроил дар интихоби подшоҳ ихтилоф сар мезанад. Аз 12 сибт, яъне шохаҳои Бани Исроил 11 шохаи он писари Толут Ашарюштро подшоҳ интихоб мекунанд ва сибти Яҳудо ҳазрати Довудро, ки аз насли Яҳудо буд.  Маънои сибт набера мебошад ва ҷамъаш асбот аст, вале фарзандони ҳазрати Яъқуб, ки 12 нафаранд  ба сибт машҳуранд ва аз насли ҳар як писараш як шохаи Бани Исроил аст.

Дар 38 солагии ҳазрати Довуд ҳамаи 12 шохаи Бани Исроил ба подшоҳияш иттифоқ карданд ва баъди ин ҳазрати Довуд бештар аз сӣ сол пайғамбарӣ ва подшоҳӣ кардааст ва дар сини 70 солагияш, ки тахминан 535 сол баъди вафоти ҳазрати Мусо аст, вафот мекунад ва ба ҷои худаш писараш ҳазрати Сулаймонро ба подшоҳӣ васият мекунад.

4-Муъҷизаҳои ҳазрати Довуд алайҳиссалом.  Дар мавзӯъи муъҷизаҳои ҳазрати Довуд (а) дар ояти 10 сураи“Сабаъ”чунин омадааст:

{وَلَقَدْ آتَيْنَا دَاوُودَ مِنَّا فَضْلًا يَا جِبَالُ أَوِّبِي مَعَهُ وَالطَّيْرَ وَأَلَنَّا لَهُ الْحَدِيدَ .} (سبأ : 10)

“Ҳамоно аз назди худ ба Довуд фазл (фазли нубуват ва подшоҳӣ) додем ва гуфтем: Эй Кӯҳ! Ва эй мурғон дар тасбиҳ гуфтан бо Довуд ҳамроҳӣ кунед. Ва оҳанро барояш нарм гардонидем”.

5-Танбиҳи муҳим. Дар баъзе китобҳои ривоят ва тафсир омадааст, ки гӯё ҳазрати Довуд ба ҳамсари яке аз лашкариёнаш, ки Авриё ном дошт чашм духтааст ва барои ба даст овардани он зан Авриёро ба ҷанг фиристодааст. Дар он ҷанг Авриё кушта шудааст ҳазрати Довуд бо ҳамсари вай издивоҷ кардааст. Ин қисса аз чанд ҷиҳат ботил аст:

1-Асли ин қиссаро аллома Раҳматуллоҳи ҳанафӣ дар китоби маъруфаш “Изҳорулҳақ” ҳамчуни қиссаи бофтаи дурӯғин чунин нақл кардааст:

“في الباب الحادي و العشرين من سفر صموئيل الأول من أن داود عليه السلام زنى بامرأة اوريا، وحملت بالزنا منه، فقتل زوجها بالحيلة وتصرف فيها”.( كذا في إظهار الحق -2 /451 )

“Дар боби 21 сифри Самуэли аввал, яъне дар Таврот омадааст, ки гӯё Довуд (а) бо ҳамсари Авриё зино карда бошад ва он зан бордор шудааст ва ҳазрати Довуд бо ҳилла шавҳараш Авриёро куштааст ва бо вай издивоҷ кардааст”.

2-Ин қиссаро бо лафзи нармтар ва бо санади заъиф ё мавзӯъ Ҳакими Тирмизӣ ва Абуҳотим ривоят кардаанд ва дар китобҳои тафсир интишор ёфтааст, ки мо бинобар туҳмат буданаш ба ҳазрати Довуд аз тарҷима карданаш сарфи назар кардем ва лафзи арабияш ҳамроҳ бо таҳқиқи санадаш чунин аст:

“إن داود النبي عليه السلام حين نظر إلى المرأة فهم بها قطع على بني إسرائيل بعثا وأوحى إلى صاحب البعث فقال إذا حضر العدو فقرب فلانا وسماه قال فقربه بين يدي التابوت قال وكان ذلك التابوت في ذلك الزمان يستنصر به فمن قدم بين يدي التابوت لم يرجع حتى يقتل أو ينهزم عنه الجيش الذي يقاتله فقتل زوج المرأة ونزل الملكان على داود فقصا عليه القصة”. ( راوه الحكيم الترمذى فى ” نوادر الأصول ” عن يزيد الرقاشى عن أنس مرفوعاً كما فى تفسير ” القرطبى “( 15/167 )” وقال ابن كثير فى”تفسيره و رواه بن أبى حاتم ، ولا يصح سنده لأنه من رواية يزيد الرقاشى عن أنس،ويزيد وإن كان من الصالحين لكنه ضعيف الحديث عند الأئمة والرقاشي أورده ابن حجر في “التقريب” (4-538): وهو يزيد بن أبان، قال النسائي في كتابه “الضعفاء والمتروكين” رقم (642): الرقاشي:متروك وأورده الدارقطني في كتابه “الضعفاء والمتروكين” برقم (593)، وأورده الذهبي في “الميزان”  قال أحمد: كان يزيد منكر الحديث. وأورده ابن أبي حاتم في “الجرح والتعديل” (9-251). قال أحمد بن حنبل: “منكر الحديث”، وأورده البخاري في “التاريخ الكبير” (8-320)، وقال: كان شعبة يتكلم فيه و أورد الذهبي في “الميزان” (4-418)، وابن حجر في “تهذيب التهذيب” (11-309): أن يزيد بن هارون قال: سمعت شعبة يقول: لأن أزني أحب إليَّ من أن أُحدث عن يزيد الرقاشي)

3-Дар мавриди ин қисса дар китоби “Тафсир ва муфассирон” аз ҳазрати Алӣ чунин ривоят кардааст:

“عن علي قال: مَنْ حَدَّثَكُمْ بِحَديثِ دَاوُد عَليْهِ السلام عَلى مَا يَرْوِيهِ القَصَاصُ،جَلدْتُهُ مِائَة وَسِتيِن،وَهُوَ حَدُ الْفَرِيَة عَلى الأَنْبِيَاء.” (التفسيروالمفسرون – د.محمد حسين الذهبى -4 /59 )

“Касе ба шумо дар бораи ҳазрати Довуд он қиссаеро ҳикоят бикунанд, ки қиссакунандаҳо қисса мекунанд, вайро 160 дурра, ҷазои туҳмат кардани пайғамбаронро мезанам”.

4-Чунин қисса бо ақидаи маъсумияти пайғамбарон аз гуноҳи кабира мухолиф аст, аз ҳамин ҷиҳат Ибни Арабии Моликӣ дар мавриди он чунин гуфтааст:

“نقل القرطبي في تفسيره”الجامع لأحكام القرآن”-15-176-عن ابن العربي المالكي أنه قال عن هذا الخبر:”باطل قطعًا”.

“Қатъан ботил аст”.

5-Валлоҳу аълам лағжиши ҳазрати Довуд дар ин буд, ки болои хостгории Авриё хостгори кардаву он занро издивоҷ кардааст ва ба ҳамин сабаб мавриди сарзаниши Аллоҳ таоло қарор гирифтааст ва тавба кардааст. Зеро хостгории болои хостгорӣ ва савдои болои савдои бародари мусулмон мамнуъ аст. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Муслим” Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

{الْمُؤْمِنُ أَخُو الْمُؤْمِنِ فَلَا يَحِلُّ لِلْمُؤْمِنِ أَنْ يَبْتَاعَ عَلَى بَيْعِ أَخِيهِ وَلَا يَخْطُبَ عَلَى خِطْبَةِ أَخِيهِ حَتَّى يَذَرَ.} (رواه مسلم كما في محتصر صحيح المسلم -333 عن عُقْبَةَ بْنَ عَامِرٍ)

“Муъмин бародари муъмин аст, пас ҳалол нест, ки муъмине болои савдои бародари муъминаш савдо бикунад ва на болои хостгории бародари мусулмонаш хостгорӣ бикунад, то шахси аввали харидорӣ ё хостгорӣ карда аз савдо ва хостгорияш сарфи назар бикунад”.


Он Худованде, ки ҳангоми саҳар,
Кард қавми Лӯтро зеру забар.

Мақолаи қаблӣНоқаро аз санги хоро баркашид … (шарҳи Чоркитоб)
Мақолаи баъдӣБо Сулаймон дод мулку сарварӣ, Шуд мутеъи хотамаш деву парӣ.